Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд

Шаби 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар изҳороти расмӣ гуфтанд, ки баргардондани кӯдакон "бо пуштибонии ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст".
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, ин кӯдакон аз ташхиси тиббиву равонӣ мегузаранд.

"Агар хешовандон майл доранд, онҳоро ба тарбия ва парастории худ мегиранд. Агар аз онҳо рӯй гардонанд, давлат кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад. Барои ба ҷомеа ворид намудани кӯдакон ва таҳсили онҳо ҳамаи чораҳо андешида мешавад", -- афзуд ӯ.
Шаби 30-юми апрел барои дидани кӯдакон бобову бибӣ ва хешу таборашон ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буданд. Асолатмоҳ Тиллоева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, бо даъвати мақомот ба пешвози набераҳояш – Абӯбакру Фотимаи 6 ва 3-сола – омадааст.

Ин зан, дар ҳоле ки гиря гулӯгираш мекард, гуфт, баъди тарки Тоҷикистон кардани духтараш Саодатмоҳ Тиллоева дар соли 2014 аз онҳо ҳеч хабар надошт. Танҳо ним сол пеш шунидааст, ки Саодатмоҳ дар Бағдод ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

"Дар ин муддат ҷигархун шудам. Дар бораи духтарам аз як номаи СММ хабардор шудам ва ба ҳамаи онҳое, ки дар овардани набераҳоям аз Ироқ кумак кардаанд, самимона ташаккур мегӯям”, -- афзуд ин зан.
Асолатмоҳ Тиллоева гуфт, баъд аз зӯҳри 30-юми апрел мақомот барояш хабар додаанд, ки наберагонаш ба Душанбе оварда мешаванд ва баробари шунидани ин хабар ба сӯи пойтахт шитофтааст. "Имшаб барои мо шаби хушбахтӣ аст", -- гуфт ӯ.

Асолатмоҳ Тиллоева афзуд, духтараш Саодатмоҳ Тиллоеваи 28-сола ҳамроҳ бо шавҳару фарзандаш панҷ сол пеш барои ёфтани кор ва музд ба Русия рафта буд. Ӯ мегӯяд, намедонад, ки чӣ гуна онҳо дар Ироқ пайдо шуданд, вале ҳоло ҳаминро медонад, ки "дар ин саргузаштҳо домодаш сабабгор аст. Худи домод ҳоло бедарак аст."
Ба гуфтаи ин зан, шумори зиёде дар ноҳияи Ҷомӣ мисли онҳо чашм ба роҳи фарзандони худ аз Ироқу Сурия мебошанд ва умед доранд, ки билохира набераҳои худро ба канор хоҳанд гирифт.

 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.
Додгоҳи вижаи Бағдод даҳҳо зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва чанде аз онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, аз 43 зани тоҷик, 15 нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода шаванд. Сарнавишти ояндаи ин тифлон норӯшан боқӣ мемонад. 
https://ittiloot.com



Омори сомона

1322666
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1289
476
3607
1315378
12626
23181
1322666