Ҷаласаи онлайнии гурӯҳбозҳои 24:8=3 (Номаи шахсӣ ба Ашӯров Ҳусейн)
Дар шаҳри Кёлн овоза шудааст, ки 2 нафар бо ҳам суҳбати телефонӣ доштанд ва онро “ҷаласа” номгузорӣ кардаанд. Яке аз ин ҳамсуҳбатон Ҳусейн Ашӯров, фаъоли сиёсии Г24:8=3 мебошад.
Ҳусейн Ашӯровро аз дер боз мешиносам. Ӯ парвардаи мадрасаи динӣ, ба мавъизагӯӣ ва ёвасароӣ шавқу рағбати калон дорад. Ёдамон ҳаст, ки соли 2002 ин бевиҷдонро аз яке аз кишварҳои исломӣ, ки дар он ҷо дар мадрасаи динӣ мехонд ва дар тан пиронтунбон дошт ба Тоҷикистон овардем. Дар бӯйи танаш нишастан намешуд, дар дарёи Варзоб оббозиро қабул намекард, мегуфт макруҳ аст. Либосашро намекашид, мегуфт ба ҳамин либосҳо шустушӯ мекунам. Аз бозгашташ розӣ ба назар мерасид. Хонааш дар Вахш буд, ӯро бурдем ва ба хешутабораш супоридем. Ҳозир ин гуна афрод тағйири ақида карданд, табдил ёфтанд ба “элитаи сиёсӣ”. Аҷаб? Наход ин ҳамон Ҳусейни почаканда, камбағал ва бериё бошад, ки дар мадарасаҳои нақши чойбаракро дошт ? Маълум мешавад, ки муносибати қотеъона ба ин афрод аз аввал бояд роҳандозӣ мешуд.
Ниҳодҳои давлатӣ солиёни дароз бо раҳмдилӣ ба ин тоифа назар карданд. Душман аз почаи хеш, ба ин каҷравҳо гуфта мешавад ва тааллуқ мегирад.
Ин гурӯҳак, ки худро дар саҳифаи “Садои Мардум” минбардор мепиндорад, намедонанд, ки ба ғайр аз худашон, ки ба марази ҷунунӣ мубталоянд, касе нест, ки ба гуфтаҳои ин аслбохтаҳо лаббайк гӯяд.
Яке аз дигаре дар таркиби ин гурӯҳак беимонтаранд.
Чун фаҳмидаанд, ки бо ақидаи мазҳабӣ дар Ғарб наметавон ҷойгоҳ пайдо кард, ба ақидаи зоҳиран секулярӣ, вале ботинан ифротӣ даст задаанд. Медонанд, ки ақидаи дунявӣ бозоргир аст,худро ҳамчун паритизанҳои ҷанги дуюмии ҷаҳон, дар чомеаи Ғарб пинҳон кардаанд. Вале ба дигарон кор надорем, ҳамин Ҳусейн Ашӯров, хатмкардаи пойгоҳҳои махсуси ҷангии “Ансорулло” дар Хатаки Пешовар аст. Аз худаш пурсед.
Яъне ба иборати дигар, ифротиҳо дар ниқоби дунявият, ҷаласа мегузаронанд, шиорпартоӣ мекунанд, кӯшиши дилёбии чомеаи башидддат дунявимеҳвари Олмонро доранд. Бехабар аз он ки ин мардум аз дидори шумоён натсистони асри 21 безоранд.
Тафсилоти бештар аз рафти рафторҳои аъзои ин гурӯҳак рӯзҳои наздик муфассал пешкаш мегардад.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи «Меҳандор»
Алиризо Бароҳанӣ