Иззат Амон – қаллоби №1-и Тоҷикистон
Шахси дар акс буда Иззат Амон нест. Ин шахс дар олами Ғарб маъруф буд, бо ному насаби Дэвид Хемптон.
Дар рейтингномаи шинохтатарин қаллобони дунё ҷойи панҷумро ишғол мекард. Худро ба атрофиён фарзанди ҳунарманди машҳури Голливуд муаррифӣ намуда, аз шахсони зудбовар маблағҳои калони пулӣ меситонид … ва ғайб мезад.
Акнун ба нусхаи аслии Иззат Амон бингаред. Монандиро дарёфтед? Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки шабеҳият танҳо дар чеҳра нест. Сирату замирашон ҷумлагӣ як аст.
Мутаассифона, дар таҳияи рейтингномаҳо ҷумҳурии моро нодида мегиранд, вагарна корномаҳои Иззати «мо»-ро дида, аз навиштаи исми Девидҳо шармашон меомад. Тамоми рекордҳои ҷаҳонӣ вобаста ба қаллобон ба номи Иззат бознавис мегаштанд. Бингар ба саргузашти қаллоби рақами 1 - Иззат Амон.
Сафар инсон зиёд меомӯзонад. Ҷойе баду дар маконе нек. Вобаста аз мафкураю хулқу атвор мусофир аз ин ду якеро интихоб мекунад.
Иззат низ аз ҷавонӣ хеле сафарҳо дошт. Зиёд ҳам омӯхт. Аз ҷумла, илмҳои нави политтехнологиро. Ва маҷрои ҳаёташро бо ҳамин роҳ пайваст.
Дар ин ҷода чандин ҳамсафарро иваз кард. Бонавбат фиреб дода. Ҳар куҷое, ки бӯйи маблағи муфт ба машом расид, Иззат Амон ҷо буд: гоҳ дар симои олим, ҷойе чун адвокат, гаҳе чун сиёсатмадор, чанд рӯзе ҳомии ҳифзи ҳуқуқ. Муддате рӯҳонии ҷаррор, моҳе наҳзатии таррор ва соле дунявии шаробхор.
Ҳанӯз замони таҳсил дар Эрон шиораш ин буд: «Ҳамааш дурӯғ аст, ҳам имон ҳам виҷдон ва ҳам шаъну шараф. Он ҷое, ки пул ҳаст ҳамаи инро метавон ба савдо зад». Чунки ба шиа пайвасту аз «илми тақя» бохабар шуд.
Дар Машҳади Эрон мехонду сиғаи наҳзатиҳо гашт. Ончунон ба оғӯши саркардагони ин ҳизби террористӣ гармию нармӣ овард, ки раиси бахши ҷавонони ҲНИ дар хориҷи кишвар интихобаш карданд.
Онҳоро дар сафарҳои хориҷиашон ҳамроҳӣ мекард.
Соли 2008 Иззат Амон якбора дар Душанбе пайдо шуд. Бо ҷайби пур аз пули покистониҳо ва хеле талош кард, ки мазҳаби «Аҳмадия»-ро дар Тоҷикистон расман ба қайд гузорад. Пешнамози ин мазҳаб дар кишвар гардад. Шахсе, ки бо мазҳаби шиа аҳди вафодорӣ баста буд, якбора қибла иваз кард. Чун мурод ҳосил нашуд («Аҳмадия»-ро ба қайд нагирифтанд), покистониҳоро партофту ба Маскав панаҳ бурд.
Акнун Иззат Иван шуд. Созмонеро бо номи «Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Россия» номнавис кард. Ва гӯё ба «пуштибонӣ»-ю «кӯмак»-расонӣ ба муҳоҷирони бечора пардохт. Ба ивази пули бо арақи ҷабин ёфтаи онҳо, барояшон «аснод» таҳия мекунад: маълумотномаҳои қалбакӣ, қайди қалбакӣ, иҷозатномаи қалбакӣ барои кор ва монанди инҳо. Аз «баракат»-и асноди додаи ӯ, ҳазорҳо тоҷик аз Русия депорт шуданду қарздор.
Ду сол пеш бо як тир ду нишон зад. Барои маблағгузороне аз Русия ва саркардагони ҲНИ ваъда дод, ки ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард. Албатта, натавонист. Чун дақиқ буд, ки ин ҳизб ячейкаи дигари ҲНИ мегардад, ба қайдаш нагирифтанд. Лекин маблағҳои ду ҷониб дар кисаи Иззат монданд.
Лоиҳаи навбатии пулкоркунии Иззат ташкил намудани телевизиони тоҷикзабони «Сафо» дар шаҳри Маскав буд. Аз пули наҳзат. ҲНИ боз ба доми гузоштаи ӯ афтид. Маблағ сарф шуду аз телевизион дараке не. Иззат сараввал ҳисобот дод, ки ин маблағро барои ташкили канали телевизионии интернетӣ гирифтааст, на моҳвораӣ. Ихтилоф чанде давом карду телевизиони интернетӣ ҳам бо орзуи шабакадории ТТЭ ҲНИ ҷавонмарг шуданд. Қаллоби гузаро эзори қаллобони наҳзатиро боз пойин кард.
Дари ин байн, бахт боз ба рӯйи Иван Амон табассуми дилфиребе кард. Умаралӣ Қувватови аз нигоҳи саломатӣ осебпазир ва аз диди иқтисодӣ дилпазирро ба канораш афканд. Дафтари (офис) боҳашаматеро бо пули Умаралӣ киро карду қароргоҳи худаш сохт. Мошини гаронарзишеро бо пули Умаралӣ ва бо номи худаш харидорӣ кард. Дар Гурӯҳи «24 - дурачок», Иван Амон таҳти рақами 3 «ҳофизӣ» мекард. Ҳамин, ки фаҳмид маблағҳои Умаралӣ Қувватов тарака шуданд, аввалин шуда «Гурӯҳи 24»-ро тарк кард ва аъзои онро фурӯхт.
Дар ин давом хати талоқашро аз ҲНИ намегирифт. Онҳо ҳам аз ин арӯсаки дасти ба дасташон, бо ҳама хиёнатҳояш, умед доштанд.
Агар фаромӯш накарда бошам, соли 2012 баромади Кабириро дар Бунёди Карнегӣ маҳз Иван Амон ташкил карда буд. Ҳамон баромади таърихиро. Кабирӣ он ҷо буду модараш – кампираки Сочак даргузашт. Барои аз даст нарафтани чанд пайсаи ин фонд, ӯ ба ҷаноза наомаду бо телефони мобилӣ қарзи фарзандиашро адо кард, ҷанозаи модарашро хонд.
Бо пайдошавии вабои Куруно дегаш аз нав ба ҷӯш даромад. Аз баъзе тоҷикони дар ҳақиқат хайрхоҳ, бо баҳонаи расонидани маводи озуқа ба тоҷикони касал ва бекормонда, маблағи зиёде ҷамъ кард. Қисмати зиёди ин маблағро аз худ кард ва аз додани ҳисобот саркашӣ намуд. Низоъҳои тақсимоти ин маблағҳоро бо ҳамдастонаш, худашон тариқи ҷанҷолҳои интернетӣ расонаӣ карданд.
Акнун ки Иззат Амон ба даст афтод, баъзе дунёбехабарон ташвиқоту тарғиботи наҳзатиҳои террористро нисбат ба ин қаллоби гузаро ҳамчун «ҳомии муҳоҷирон» бовар карда, озод карданашро талаб доранд. Ғофил аз он, ки барои ҷиноят дар назди қонун бояд ҷавоб гуфт, хоҳ касеро барои даҳ сомонӣ фиреб дода бошӣ, хоҳ сад ҳазор.
Дар фарҷом барои маълумот: Ҳамсимои Иззат Амон, қаллоби рақами 5 Дэвид Хемптон ахиран бо ҷурми қаллобӣ дастгир ва муддати панҷ сол ҳукми зиндон гирифта буд. Соли 2003, дар 39 солагӣ, дар паноҳгоҳи бекасон вафот кард.
Сарнавишт қаллоби рақами 1 –уми тоҷикон – Иззат Амонро низ ба ҳамин роҳ бурда истодааст.
Хайрулло Раҷабалиев,
ходими илмии АМИТ