Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷавоб ба Файзинисо Воҳидова

Баъди мутолиаи мақолаи ҳангоматалабонаи Файзинисо Воҳидова таҳти унвони «ГРАФ МОНТЕ КРИСТО ДАР ЗИНДОНИ ХУҶАНД», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи www.Аkhbor.com ба нашр расидааст, виҷдонам маро ором нагузошт ва лозим донистам, ки андешаҳои худро дар атрофи он баён намоям.

Ошӯбе, ки санаи 7 ноябри соли равон дар зиндони 3/3 шаҳри Хуҷанд ба вуқуъ пайваст, сару садоҳоеро дар воситаҳои ахбори электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Дар натиҷа ҳар нафари огоҳу ноогоҳ дар доираи шунидаҳои хеш ба ин воқеа баҳогузорӣ мекунад, вале аллакай расман ДИИШ масъулияти ин ошӯбро ба дӯши худ гирифтааст. Новобаста ба ин, ҳуқукшинос Файзинисо Воҳидова дар мақолаи худ таҳти унвони «ГРАФ МОНТЕ КРИСТО ДАР ЗИНДОНИ ХУҶАНД» рӯйдоди мазкурро аз дидгоҳи шахсии хеш шарҳу тафсир намудааст. Дар ҳолате, ки ӯ аз ҷараёни аслии ин ошӯб огоҳ нест. Аз ин рӯ, ҳаёти воқеиро бо асари бадеӣ муқоиса мекунад ва иллатҳои асосии рухдоди мазкурро аз хаёлоти нависанда Александр Дюма, ки бештар аз дусад сол пеш навишта шудааст, ҷустуҷӯ мекунад. Чунин унвонгузорӣ ва муқоисаи ин воқеият бо зиндагии қаҳрамони Дюма - Граф Монте Кристо танҳо ҳангомаи бофтаи ӯст, ё худ фармоиши навбатии хаммаслакони ӯ

Дар ҳоле, ки худи Файзинисо Воҳидова низ яке аз сабабҳои сар задани ошӯби мазкурро кори дасти маҳсубони ба ҷурми шомил шудан ба экстремизм ва терроризм маҳкумшуда медонад, бо фарзияҳои гуногуну бебунёди хеш ҳамоно ба айбдор намудани мақомот вобаста ба тариқи мусолиҳатомез ва гуфтушид ҳал накардани масъалаи мазкур пардохтааст. Ин дар ҳолест, ки яке аз пайвандони маҳкумшудагон аз шаҳри Конибодом расман дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштааст, ки борҳо ӯ ва пайвандонаш бародарашро, ки хоҳиши ба Сурия рафта дар он ҷо шаҳид шуданро дошт, насиҳат кардаанд. Аммо ӯ ба сухани онҳо гӯш надода, ҳатто дар ҳабсхона ҳам ин амалҳои хешро идома медод. Ин саркашӣ ва ифротӣ шудани вай ҳатто сабабгори аз ғами фарзанд се сол қабл даргузаштани модараш гардида бошад, ҳам аммо ӯ парвое надошт. 

Воқеият ин аст, ки кулли онҳое, ки дар ин ошӯб ширкат доштанд ва нахуст ба қатли ваҳшиёнаи кормандони муассисаи ислоҳии мазкур даст заданд, аз ҳамин қабил инсонҳое буданд, ки барояшон ягон муқаддасот ва ҳатто тақдири фарзанд, падару модар, бародару хоҳар ва ҳеҷ як инсон арзише надошта, танҳо фикри ҷиҳодро доштаанд. Ин гурӯҳ, ки асосан ба ҷурми шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, ҳатто дар маҳбас низ аз фикри худ нагашта, дар андешаи ҷиҳод будаанд. То имрӯз борҳо миёни онон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифтааст, аммо ҳаргиз аз роҳи хеш нагашта, пинҳонкорона ба амалҳои худ бо истифода аз телефонҳои пинҳонӣ бо хоҷагони хеш дар робита будаанд. Барои онон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, падар, бародар, зану фарзанд вуҷуд надошт. Баръакс, ин гурӯҳ дар пайи ҳадафҳои номатлуби хеш ҳатто хостори гуфтушунид нашуда, инчунин ба огоҳиҳои чандкаратаи маъмурони дидбонгоҳҳо нигоҳ накарда, худсарона тамоми сарҳадҳои муқарраршудаи дохили маҳбасхонаро гузашта, худро ба оташи марг тела доданд. Маълум аст, ки мақсади онҳо баромадан аз зиндон ва иҷрои амалҳои террористӣ буда, ҳатто чанд нафари онҳо ҳангоми кӯшиши баромадан аз зиндон ва ҳаракат ба сӯи маҳаллаҳои аҳолинишин «безарар» гардонида шудаанд. Аммо бехабар аз ин қазия, ноогоҳона аз чунин ҳадафҳои нопоки онҳо Файзинисо Воҳидова даъво дорад, ки чунин ашхос бояд ба гуфтугӯ рафт. Шояд агар мақомот пеши роҳи онҳоро намегирифт, чандин нафар маҳсубони бегуноҳ ва дигар кормандони муассисаи мазкур низ аз дасти онон ваҳшиёна кушта мешуданд. Яке аз пайвандони афсари кушташуда- бо номи Эҳсон Ёқубов, дар шабакаи иҷтимоӣ ба дарду алам ва нафрат нисбат ба ин гурӯҳ навиштааст, ки  бадани марҳум ягон ҷои ободӣ надошт. Ӯ аз ҷумла менависад: «Ба фикри ман қотилоне, ки Эҳсонро ба қатл расониданд, танҳо сураташон ба инсон шабоҳат дораду халос, дар асл онҳо сирати аз ҳайвони ваҳшӣ бадтар доранд. Наход, инсон як инсони дигарро ба ин ваҳшиёният бикушад. Дар тани ӯ як ҷойи обод намедидед, гӯё ӯро подаи махлуқони хунмаст ба даст бурда буданд…». Ин худ шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза ин гурӯҳҳои ваҳшӣ ба ин ваҳшоният қодир будаанд.

Файзинисо Воҳидова ин тарафи масъаларо нодида мегирад, ки дар сурати аз зиндон баромадани ҳатто як ё ду нафар аз ин гурӯҳҳои ифротӣ бо чунин андешаҳои инсонбадбинона чӣ миқдор хатаре ба ҳаёти осоиштаи мардум ва аҳолии шаҳр ба вуҷуд меоварданд. Дар ҳоле, ки имрӯз тамоми ҷомеаи башарӣ ба экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муборизаи беамон мебарад, дидаву дониста аз дари сулҳу оштӣ муносибат ба ин гурӯҳ кори беақлонае беш нест, зеро онҳо маълум аст, ки дигар роҳи худро иваз намекунанд. Гуфтушунид ҳам ба чунин инсонҳои аз роҳи хеш берунрафта бефоида аст, чун корҳои фаҳмондадиҳӣ аз рӯи иттилооти наздикони худи онҳо аллакай се чор сол боз давом дорад, вале натиҷае нест. Ҳамзамон, ба нафаре, ки ифротӣ шудаасту барои ӯ ҳатто инсон арзиш надорад, дар бораи кадом тамаддун метавон ҳарф зад.  Ин дар ҳолест, ки барои чунин гурӯҳҳои ифротӣ худ мафҳуми тамаддун, ки онро Файзинисо Воҳидова ҳамчун парчам истифода мебарад, ҳеҷ арзиш надорад.

Таҳлилҳои анҷомёфта баёнгари он аст, ки сабаби ошӯби мазкур  ҳаргиз ба камбуди хӯрока, муносибати бади маъмурони маҳкама ва дигар омилҳо вобаста набуда, равшан аст, ки як барномаи қаблан тарҳрезишуда аз ҷониби ДИИШ маҳсуб меёбад, ки ҳадафҳои террористиро дар пай доштааст. 

Файзинисо Воҳидова чунин хатарҳо ва барномаҳои қаблан тарҳрезишудаи ин гурӯҳҳоро ба инобат нагирифта, масъаларо ба як воқеи 21 сол қабл пайванд дода, аз забони як нафар маҳбус гардиши пулиро дар муассисаҳои ислоҳӣ ба 15 ҳазор доллар баробар донистааст. Дар навбати аввал ин гуфтори нафари маҳкумшуда оё метавонад санади расмӣ бошад ва як нафар ҳуқуқшиносе, ки худро ҳомии ҳуқуқи инсон медонад, дар рӯи кадом асос ба ин ҳарфи пучу беасос ва бебунёд такя менамояд. 

Файзинисо Воҳидова боз ҳам барои гӯё тасдиқи андешаҳои худ аз гуфтаи ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова такя карда, афкори қаблии худро вобаста ба ҳалли ин масъала тавассути гуфтушунид тақвият мебахшад ва ин бо ин роҳҳал шудани чунин муноқишаҳоро дар маҳбасҳои кишварҳои дигари олам мисол меоварад. Ин дар ҳолест, ки Ойниҳол Бобоназарова нафарест, ки ҳамчун аъзои ТЭТ ҲНИ номзадии хешро ба мансаби президентӣ гузошта, яке аз мубаллиғону пешсафони ин ҳизби террористӣ ба  шумор меравад.

Баробари ин Файзинисо Воҳидова фаромӯш мекунад, ки маҳбусони дигар ва ин гурӯҳи маҳбусони ифротӣ ва манқурт ба куллӣ фарқ мекунанд, зеро ҷаҳонбинии онҳо дар доираи таассуби динӣ ва инсонбадбинӣ шакл гирифтааст. Бо вуҷуди ин, худ низ бар хилофи андешаҳои ҳангомаҷӯёнаи хеш эътироф мекунад, ки ҳал шудани чунин ошубҳо бе хунрезӣ имконнопазир аст.

Воқеияти ошӯбе, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух дод, барои ҳаллу фасли мусолиҳатомези он имкон мавҷуд набуд, зеро худи маҳбусон ба ин роҳ надоранд, чунки ҳадафашон тибқи супориши гирифта аз хоҷагон - ҷиҳод ва шаҳид шудан буд, ки аллакай аз забони наздиконашон ин мақсад дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу тафсир ёфт.

Дар поёни нигоштаи худ Файзинисо Воҳидова боз ҳам мехоҳад масъулини муассисаро ба муносибат дағалона ва бадрафторӣ нисбати маҳкумшудагон айбдор кунад, аммо бехабар аз он аст, ки ҳамла ба кормандони муассиса ва қатли ваҳшиёнаи Эҳсон Ёқубов ва Мирсаид Қодиров аз ҷониби маҳбусони ифротӣ сурат гирифтааст.

 Мутаассифона, нафаре, ки худ дар ин рӯйдод ҳузур надошта аз асли воқеа бехабар аст, ба асари бадеӣ такя менамояд, суханони маҳбуси 21 сол пешро ба асос мегирад, ҳангомаи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки онон низ аз асли воқеа хабардор нестанд, ба инобат мегирад, чи гуна метавонад ҳақиқатро ба хонандагон пешниҳод созад. Аз ин ҷиҳат, маҷмӯи андешаҳои ӯ ба як ҳангомаи навбатӣ табдил ёфта, ба ҷуз гумроҳ кардани шахсони ноогоҳ ва бадном кардани мақомотҳои дахлдор чизи дигаре нест.

Ҳамзамон, аз Файзинисо Воҳидова пурсида мешавад, ки оё дар ҳақиқат ин мақолаи ҳангомаҷуёнаро дар натиҷаи санҷиш, мушоҳидаи воқеии худ ва таҳлили санадҳои ҳақиқӣ ба қалам овардааст, ё ин ки фармоиши гурӯҳҳои манфиатдорро ба хотири раҳгум занонидани афкору андешаи ҷомеа ва онҳое, ки аз асли воқеа огоҳ нестанд, иҷро кардааст? Суоли дигар ин аст, ки Воҳидова оё пеш аз навиштани ин «воқеият» бо наздикону пайвандони бегуноҳқурбони ин ошӯби террористон қароргирифта сӯҳбат гузаронида, аз дарду алам ва сӯзиши дили онҳо огоҳ гардида буд?

Нурмуҳаммад Сафаров – сокини шаҳри Хуҷанд.



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761