Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

harakati vahdati milli2025

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Шӯро- раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон ва аъзои Шӯро иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

 

Дар бораи натиҷаи фаъолияти Шуро;

 

Дар бораи ҳайати нави Шӯро;

 

Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2025.

 

Дар ҷаласа котиби Шӯро -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сафаров Меҳрубон вобаста ба фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия дар соли 2024 ҳисоб доданд.

 

Инчунин, ҳайати нав ва нақшаи кории Шӯро барои соли 2025 тасдиқ гардида, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Вобаста ба масъалаҳои дар рӯзномаи Шӯро баррасигардида, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон андешаронӣ намуда, ба аъзоёни Шӯро ҷиҳати сари вақт ба иҷро расонидани Нақшаи чорабиниҳо, инчунин гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 



Омори сомона

1444544
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1068
840
4559
1432033
17241
23483
1444544