Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Дарвоз

 

vonar lend

 

19.08.2020 12:59, ноҳияи Дарвоз

 

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

 

Боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.

 

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншоотҳои муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст.

 

Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ - фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди кишвар бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

 

Дар ҳудуди боғи мазкур майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, катора, муҷассамаи иншоотҳои таърихии ба руйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст.

 

Дар корҳои ободонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст.

 

Заминҳои ин мавзеъ дар вақти бунёди маркази фароғатӣ хеле хуб истифода шуда, табиати нотакрори кишварро таҷассум мекунанд.

 

Майдони ҳудуди боғ сабзазор карда шуда, барои хуррамгардонӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

 

Намои шабонаи боғ низ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо мебошад.

 

Роҳравҳои ҳудуди боғ сафолакпӯш гардида, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудааст.

 

Барои сайругашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуди атраксионҳо насб гардидааст. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунад.

 

Бо бунёди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Дарвоз барои сокинону меҳмонони ноҳия имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин имконият кӯдакону наврасон руҳбаланд мебошанд.

 

http://prezident.tj

 



Омори сомона

1321581
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
204
476
2522
1315378
11541
23181
1321581