Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ИДОМАИ ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРИ ТАРҒИБОТӢ- ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ВА "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

maktabbamak
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи муштарак дар самти корҳои идеологӣ вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо сокинони деҳаи Ёгеди Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.
Дар вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, махсусан оиди пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб ибрози назар гардид.
Зикр карда шуд, ки мақсади муқовимат ба экстремизм, терроризм, хурофотпарасти, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷаҳолат ва дигар масъалаҳои номатлуби ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд.
Дар мулоқот масъулин ҷиҳати вусъати фаъолият дар самти пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ вазифадор гардиданд.

 



Омори сомона

1652933
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
58
1226
3069
1643266
4906
28993
1652933