Гузоштани санги асоси сохтмони Мактаби Президентӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 10:00, ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Лоиҳаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта шуда, дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Дарвоз низ муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, мушкилоти соҳаи маориф ҳалли худро пайдо мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилини ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.
http://prezident.tj