Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Гусели наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

navaskaron tiramohi

 Рӯзи 2-юми сентябр дар майдончаи Таги Чинор маъракаи гусели наваскарон бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони аҳли ҷамоату деҳот ва падару модарони наваскарон иштирок намуданд.

 Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

 Бояд қайд намуд, ки ҷавонони ноҳияи Дарвоз дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, 100 фоиз нақшаи даъватро иҷро намуданд. Инчунин, аз тарафи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз барои тамоми наваскарони вилоят таъоми нисфирузӣ ташкил карда шуда, баъдан кормандони бахши фарҳанг бо барномаи консертӣ таъби даватшудагонро шод намуда, бо дуои неки волидайн эшонро гусел намуданд.

 



Омори сомона

1321671
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
294
476
2612
1315378
11631
23181
1321671