ЭЪЛОН!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз, музди меҳнат 1210 сомонӣ 11 дирам
Талаботи асосӣ нисбати довталаб:
Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои фанҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ
3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донанадагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).
Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз, музди меҳнат 1155 сомонӣ 60 дирам
Талаботи асосӣ нисбати довталаб:
таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисосҳои ҳуқуқшинос, таърих ва ҳуқуқ
2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донанадагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).
Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)–и Ҷамоати деҳоти Қалъаих+------------------------------------------------------------------------------уми ноҳияи Дарвоз, музди меҳнат 1100 сомонӣ 40 дирам
Талаботи асосӣ нисбати довталаб:
таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис – заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис – мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрокимиё ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, харитасоз ва гидромеларатсия;
2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;
донистани забони давлати ҳатмист ва ба донанадагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
ариза ба номи раиси ноҳия;
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
тарҷумаи ҳол;
нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
нусхаи шиноснома;
нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
маълумотнома оид ба доғи судӣ
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рўзи нашри эълон
Суроға: ноҳияи Дарвоз, деҳаи Қалъаихум, кўчаи Шоҳмансур 36, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз
Индекс 736400
Тел \ факс: 8 (3552) 21 – 4 – 89, 21 – 5 – 85