Дидбони ҳуқуқи башар ё язнаи наҳзатиҳо
Дар қишлоқҷойҳои мо матале аст, ки мегӯянд, ки «к… и хуб ҳам қанат аст» . Дар намунаи наҳзатиҳо, дида мешавад, ки язнаи хуб Стив Свердлов ҳам барои наҳзатиҳои ғарбнишин қанат шудааст. Аниқтараш хонум Шабнам Худойдодова хуб ва бунёдӣ кӯшиш кардааст, язнамулло, ки дар маҳалҳои мо ба ҷойи хар аст, мушовиру муҳофизи наҳзат дар ин ташкилот шавад. Ҳар сол аз замоне ки ин язна аз давлати хонум ба ин мақом расидааст, бо гузориши сусту заъиф тавҳину таҳқирро ба миллат раво мебинад.
Шинохти вазъият бисёр норавшаниҳоро дар равобити мармузи наҳзат бо Стив Свердлов мушаххас мекунад. Иттилоот чашми лашкар аст. Маълум мешавад, ки Кабирӣ барои бо ду дасти адаб ба Свердлов хостгори кардани Шабнами қандулӣ, нақшаи бисёрзинагиро истифода кардааст. Аввал, масъалаи шариат пеш омадааст, инро пеши по задаанд, баъдан мусулмону номусулмон будани домод ҷилави ин корҳоро гирифтааст, сипас, барои салоҳдиди ҳизбӣ ба ин корҳо рӯ пӯшида, неъмати меҳанро ба аҳли бегона бахшидаанд. Ин хиёнати 5-уми наҳзат мебошад.
Ин ақида холисона будани баҳодиҳии Дидбони ҳуқуқи башарро, ки ба пойгоҳи иттилоотии наҳзат табдил ёфтааст, зери савол мебарад. Чӣ тавр хеши банди эзор,метавонад дар сурате ки мавқеи душманона бар зидди ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, фаъолияти як ҷумҳуриро мавриди танқид қарор диҳад.
Аз доираҳои наздик ба роҳбарияти ҳизби мамнуъ дар яке аз шаҳрҳои Аврупо маълумот ворид шудааст, ки дар бораи аз азхудкунии маблағи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз сӯи Стив Свердлов ҳикоят мекунад. Ин маблағ ба баҳонаи кӯмак ба муҳочирон таъин шуда, амалан ба чайби хонаводагии Стив сарозер шудааст. Гап дар сари он меравад, ки бинобар қаробатҳои идеявӣ ва ғоявӣ байни аҳзоби исломии минтақа бо хадамоти махсуси охундӣ, Стив муваззаф мегардад, ки соли 2019 2 роҳпаймоӣ мегуранонад. . Аз масъулони СПИИ 23 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, дар шоҳидии яке аз аъзои аршади ҳизби наҳзат ваъда месупорад, ки вазифаи хоҷагони хориҷиро иҷро мекунад.
Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки Стив ва Кабирӣ ҳамчун абзори ҳизби террористӣ анҷом доданд, иборат буд аз: ба бероҳа кашонидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.
Кабирӣ бо язнааш дар Дидбони ҳуқуқи гейҳо бо насиҳати таълимоти Саид Қутб ва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳои ба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Онҳо корҳоеро дар чорчӯби дин анҷом медоданд, ки хилофи суннатҳои қадимии миллӣ арзёбӣ мешуданд ва ҳадаф аз ин качравиҳо ҳамоно, мубориза бар зидди асосҳои фарҳанги миллӣ буд. Ҳоло ин гумроҳон, ки ҷуфти болозикршуда ҷузъи онҳост, ин амалро дар шароити хориҷа такрор мекунанд.
Чун бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Стиву Муҳиддинҷон шавад.
Салим Шерзодов, коршинос