Дар қисми сарҳадии 0409-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мустақар дар ноҳияи Дарвоз туҳфаҳои солинавӣ ва дастархони идона ороста шуд
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки намояндаи Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Дарвоз муайян гардидааст, барои ҳайати шахсии қисми сарҳадии 0409-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мустақар дар ноҳияи Дарвоз туҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, дастархони идона ороста шуд.
Сараввал, муовини Вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр сарбозон ва афсарони қисми сарҳадиро аз номи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати фарҳанг ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, таъкид намуданд, ки имрӯз бо чунин як шароити хубе, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисҳои низомии мамлакат муҳайё намудаан, хизмат намудан боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сарбоз аст.
Баъдан, раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон низ ба сухан баромада, барои чунин як ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу ташаккурӣ намуда, тамоми сарбозонро ба фарорасии Соли нав таҳният гуфта, қайд карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф аст ва таманно намудвнд, ки ҳар як сарбоз бо сари баланд хизмати Ватан-Модарро адо намуда, сиҳату саломат ба назди волидайни хеш баргарданд.
Инчунин, дар фазои тантанавӣ муовини Вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр ва раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон дар якҷоягӣ ба якояки сарбозону афсарон туҳфаҳои солинавиро тақдим намуданд.