Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Дар деҳаҳҳои Ушхарв ва Хумби Варии ноҳияи Дарвоз роҳҳои афтомобилгарди сатҳи маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Roh ushkharv
Дар идомаи сафари кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаҳҳои Ушхарв ва Хумби Варӣ роҳҳои афтомобилгарди сатҳи маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Роҳи автомобилгарди деҳаи Ушхарв 2,700 метр дарозӣ ва роҳи маҳаллии Хумби Варӣ бошад, 1,500 метро дарбар мегирад.
Дар ифттитоҳи роҳи мошингузари сатҳи маҳаллӣ деҳаи Ушхарви ҷамоати Нулванд сокинони маҳаллӣ ҷамъ омада, меҳмононро хуш истиқбол гирифтанд.
Ба истифода дода шудани роҳи мазкур барои 72 хоҷагӣ ба фазои тантанавӣ мубаддал шуд. Аз рӯи иттилои сокинони маҳаллӣ акнун имкон пайдо шуд, ки бо истифода аз чунин шароити зарурӣ мушкилоти хоҷагидори бартараф гардид.
roh khumbivar
Дар сохтмони роҳ саҳми сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон арзанда буда, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони деҳа азм гирифтанд, ки дар рушди бунёдкорӣ ва роҳсозӣ саҳмгузор бошанд. Дар суҳбат бо иштирокдорон раиси вилоят қайд кард, ки кушодашавии роҳи ҷадид дар арафаи ҷашни Истиқлоли Ватан дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад.
Инчунин, дар деҳаи Хумби Варӣ масоҳати 1,500 к роҳи маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ асфалтпӯш карда шуд, ки он низ дар ҳузури раиси вилоят ва ҳайати меҳмонон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар деҳаи мазкур 98 хоҷагӣ истиқомат дошта, аҳлона барои бунёди роҳи мошингузар иқдом гирифтанд.
Раиси вилоят ба сифати кори роҳсозон таваҷҷуҳи махсус равона намуда, иброз дошт, ки роҳ пайвандгари қалбҳо мебошад. Гуфта шуд, ки чунини раванди созандагиро боз ҳам шиори худ қарор дода, то таҷлили 35- солагии Истиқлоли давлатӣ низ барои обод намудани як гӯшаи Ватан мақоми устуворро касб намоянд.

 



Омори сомона

1573918
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
37
1101
5466
1563274
22255
34143
1573918