Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

«Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ»-конференсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвоз

Rushdi-sajyohi-DarvozДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба шумор рафта, таъриху фарҳанг, табиат, обҳои мусаффою шифобахш, анъанаҳо ва хӯрокҳои миллии миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ин нуктаро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода зимни Конференсияи сайёҳӣ, ки таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ- омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ» дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, таъкид намуд.

 

Тавре сардори маркази матбуоти Кумита Абдукарим Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, соҳибкорон, роҳбарони меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, қабл аз баргузории ҷамъомад бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар конференсия зикр гардид, ки ноҳияи Дарвоз дар қисмати ҷануби ВМКБ ҷойгир буда, дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад ва тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ворид мегарданд.

Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ин минтақа зикр шуд, ки дар ноҳия як шаҳри қадимӣ бо номи Карон, ки таърихи беш аз 4000-сола дорад ва зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Ба иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия 8 адад меҳмонхонаҳои дорои шароити муносиб ва тарабхонаҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Баъди конференсия иштирокдорон аз як зумра мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла, «Чорчаман», ҳомстейҳо, имкониятҳои хизматрасонии Ширкати сайёҳии «М. Сайёд», ки дар яке аз мавзеъҳои кӯҳсори зебоманзари ноҳия ҷойгир аст, дидан намуданд.



Омори сомона

1344387
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
305
368
305
1339664
16176
18171
1344387