Чанд мулоҳиза баъди тамошои як филм
Тамошои филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”, ки дар бораи мулло Қаландар ва писари ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин таҳия шудааст, ду хат дорад. Хати якум қаллобии падару писар, бо ин роҳ фиреб дода шудани даҳҳо мардуми одии бечора ва ба василаи ин роҳи ҳам аз нигоҳи инсонӣ ва ҳам аз нигоҳи исломӣ ҷиноят ва ҳаром, сарватандӯхтани ин падару писар аст.
Мулло Қаландар фарзандони бисёре дорад, вале аз сужаи филм бармеояд, ки дар ин қаллобӣ танҳо як писараш ба ӯ ҳамроҳ аст. Он писараш, ки ба умеди донишманд кардан, ба умеди мисли худаш мулло кардан, аслан дар ҳалқаи бадиҳои зиндагӣ бавоя расонидааст.
Мулло Қаландар, ки дар гирудорҳои вилояти Қурғонтеппаи собиқ дар соли 1992 даст дошт, мусалламан, дар фоҷиаи мардуми шаҳри имрӯзаи Бохтар, рехтани хуни баноҳақ ҳисса доштааст. Худаш ба дасти худаш, ба сари худашу аҳли оилааш фоҷиа овардааст.
Тобистони соли 1997 тарафҳои ҷангкунанда пас аз сулҳ қавл доданд, ки ба мақсади ваҳдати миллӣ ҳамдигарро мебахшанд, гузаштаро ёд намекунанд, аммо хуни баноҳақрехта намебахшидааст, қасос мегирифтааст. Аз байни даҳҳо ва садҳо иштирокчиёни муқовимати мусаллаҳона чанд нафаре боқӣ монда будаанд, ки баъди сулҳу ваҳдат ҳам бар хилофи қавл ва ваъдаи умумӣ ба бадкорию хиёнати хеш нисбати халқ идома медодаанд, чунки бо дуои одамони бегуноҳ нафратзада шудаанд.
Барои соли 1993 ба Афғонистон фирор кардани мардум, ки аксарияти онҳо бо таблиғи Мулло Қаландар барин шахсиятҳо фирорӣ шуданд, Қаландар писари наврасашро дар назди як муллои Тоҷикистонӣ дар Афғонистон ба мактаб гузошт, то чашмаш кушода шавад, аммо мулло ин шогирдро ба қумондони афғон, ба сифати ғулом – каниз барои бачабозӣ фурӯхт. Ҳамин аст сюжет.
Тамошои филм маро ба андеша бурд, як одати фаҳш, ки дар тафаккури мардуми эронӣ ба туфайли дини Ислом ба миён омад, ба хотирам расид. Олими асри XIX –и Олмон муаллифи китоби панҷҷилдаи “Таърихи Ислом” Август Мюллер дар бораи як фоҷиаи асри IX сухан ронда, баччабозиро ҳамчун “Отвратительный персидский порог» (ҷилди 3. саҳ.55) ёд кардааст.
Мутаассифона, ин гуноҳ бо бисёре аз шахсони дорову давлатдор ҳамеша ҳамроҳ будааст. Баъзеҳо бар онанд, ки ишораи Ҳофиз “Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд” ҳам аз ҷумла ба ҳамин маъност. Мактабҳои кунҷакӣ, ки садсолаҳо боз вуҷуд доранд ва ҳоло ҳам мавҷуданд, ба гуфтаи бисёр бузургон, барои ин амали зишт замина медиҳанд. Он наврасоне, ки ба ин фоҷиа гирифтор шудаанд, дигар дар тамоми умр ба худ намеоянд, роҳи зиндагиашон бурида мешавад. Ба гуфти халқ, “ин дунёву он дунёашон ҳам месӯзад”. Аз дасти онҳо дигар коре дар тарбияву одамият намеояд, на танҳо ба халқ, агар оиладор шаванду соҳиби фарзанд ҳам бошанд, ба фарзандонашон низ аз амалу одоб танҳо шарму ҳаё мерасад.
Дигар ба ёдам қонун дар мавриди нақши падару модар дар тарбияи кӯдакон ва наврасон омад, чӣ ҳуҷҷати муҳим ва зиндагисоз аст ин. Дар талошҳои имрӯзаи маънавиёт, яъне кӣ киро куҷо бурдан мехоҳад, кӣ аз кӣ чӣ сохтанист, дуруст омӯхтану тадбиқ кардани ин қонун басо муҳим аст. Ин қонун падару модарро, ҳақиқатро гӯем муаллиму мактабро ҳам вазифадор мекунад, ки ба тарбияву нигоҳубини мактабиён ҷиддӣ муносибат кунанд, бетараф набошанд, зеро баъди аз сар гузаштани об ангушти таассуф ба даҳон набаранд, ба сари худ мушти маломат назананд, худро нахӯранд.
Наврас то балоғат танҳо дар мактаби расмӣ хонданаш даркор аст, асосҳои илми дунявиро бояд омӯзад, ҳеҷ мактаб ва ҳеҷ машғулият ва илми дигарро дар ин синну сол ба кӯдакон омӯзонидан лозим нест. Асосҳои исломро аввалаш ин, ки дар худи оила падару модар дар зимни тарбияи инсонӣ ба фарзанд мефаҳмонанд, зеро исломи ҳақиқӣ аз маънавиёти инсонӣ дур нест, инсоншудан мусулмоншудан ҳам ҳаст. Аз ҷониби дигар, ҳоло дар мактаб ҳам асосҳои исломро таълим медиҳанд, то ки наврас хубро аз бад фарқ кунад. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки то балоғат дарс ҳамоне бошад, ки давлати дунявӣ муайян кардааст.
Албатта, мо рӯҳониёни босавод бисёр дорем, онҳоро ба фикрам барои тарбияву таълими кӯдак не, балки барои фаҳмонидани одоби исломӣ ба калонсолони намозгузор истифода кардан беҳтар аст. Масҷид боғчаи бачагон нест, ишратгоҳи наврасону ҷавонон ҳам нест, ҷои ибодат аст ва ҷои ёди Худост. Дар он калонсолони мо ба ин мартаба расида, бояд таълими маънавӣ гиранд. Ман аз сюжети зикршуда пай бурдам, ки ин падару писар гарчи ҳарду даъвои мусулмоният ва ҳарду мақсади таълиму тарбияи исломӣ доданро пеша кардаанд, аслан худашон аз он бенасиб мондаанд, зеро пулу мол, шайтонгарӣ, қаллобӣ, талоши мавқеъ, даъвои пучи ботини исломӣ онҳоро ба пасттарин пояҳои зиндагӣ фаровардааст.
Андеша мекунам, мо халқ аз кӣ бояд шунавем? Дар охирҳои солҳои навадуми асри гузашта мо ҳамроҳи бародарони ба сулҳрасида ба маъракаҳое мерафтем. Дар як маърака одами бисёре буд, як навраси 14-15 сола ба овози зебо ва бурро оят тиловат мекард ва одамон гурӯҳ – гурӯҳ даст ба рӯй мекашиданд. Барои мо ҳам ояте хонд. Ман аз ҳамсафарам, ки яке аз донишмандони ислом буд, хоҳиш кардам ояти дигаре хонад. Ӯ аввал бо тааҷҷуб ба ман нигарист, баъд хонд. Вақте омин кардем ӯ ҳамоно саволомез ба ман нигарист, Гуфтам: - дар маъракаҳои калон истифода бурдани “практикантҳо” хуб набудагист. Барои он гуфтам, ки азёд кардани Қуръон дигар, фаҳму тафсири рӯҳониёнаи он дигар, боақлона фаҳмидани муҳтавои сураҳо дигар, дарёфтани маънои сухани илоҳӣ чизи дигар аст. Вай вақту соату таҷрибаи зиндагӣ мехоҳад. Аз ин рӯ, ба назари ман чунин менамояд, ки дар маъракаҳо пешгузар кардани ҷавонони маънаван нарасида, на фақат ба манфиати ҷомеа нест, балки бо манфиати ислом ҳам зид аст ва он шореҳону носеҳон, ки аз дуру наздик дар маъракаҳо ё ҳатто ба василаи технологияи нав имрӯз ба мо ба таври исломӣ зиндагӣ карданро меомӯзанд, аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ҳоло чӣ будани имонро камтар медонанд. Онҳо ҳанӯз худашон ба тарбия эҳтиёҷ доранд. Имрӯз фақат исломро ҳамчун матои савдои сиёсӣ истифода бурдан мехоҳанд. Мӯйсафедони замони кӯдакии мо мегуфтанд, ки ҳар касе, ки ду оят медонад, ҳоло мулло нест ва ба ин гуна одамҳо эътиқод кардан ҳам раво нест.
Навори дидаам ва чизе, ки аз забони иштирокчиёнаш шунидаам, муносибати маро нисбат ба ин ду фард муайян мекунад. Қаландар дар кампи Хонаобод масъули кӯмакҳои башардӯстона ба гурезаҳои тоҷик будааст. Пас, аз нону намаки гурезагон, аз тану шиками гурезагони бечора дуздида, дар Бохтар қасрҳо сохтааст. Наҳзати ислом, ки вай ҳам ҷузъи он будааст, аслан нигоҳбони ин гурезагон буд ё ба туфайли ҳамин гурезагон ба худ нону насаб пайдо кард. Зеро ба фикрам, на танҳо ин хонадон, ин қумондон, балки дигарҳояш ҳам баъди бозгашт биноҳое барои худ рост карданд. Масалан дар Душанбе, ки ҳафт пушти душанбегиҳо надидааст. Наҳзатиҳо гурезаҳоро бонӣ мекарданд ё ба ҳоли худашон монда буданд, агар сарпараст буданд пас чаро фоҷиаи ин ҷавонро дидаву дониста, пешгирӣ накарданд ва дасти мадад наёзониданд ва шояд ин танҳо набуд, боз дигарҳо дар ҷойҳои дигаре буданд, ки ҳанӯз мо номашонро нашунидаем. Дар ин бобат, ба хотирам навиштаи як нафар аз қумандонҳои оппозитсияи собиқ мерасад, ки гуфтааст: “Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд, устод Нурӣ гуфт, ки мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид мешавем? Бо ғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бораи кадом ҷиҳод гап мезанед? Ҳама мусулмон, ҳама намозхон. Шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлӯ зада роҳат мекунед. 4 миллион доллари гирифтаатонро чӣ кардед?” Ӯ боз мегӯяд: “Онҳоро Худованд шарманда сохт, онҳо дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад” (“Фараж” 13-уми декабри соли 2017).Пас, ҳаққи аз номи ин халқ сухан гуфтан ба чӣ ҳад дошта бошанд? Ман ба ҳеҷ кас таъна задан намехоҳам, вале сарнавишти тоҷиконро дар рӯзҳои сахт дар мусофират донистан мехоҳам. Зеро агар воқеан онҳое, ки кори аз дасташон меомадаро бо баҳонае накардаанд, дар ҳама ҳолати дигар ҳам чунин муносибате хоҳанд кард.
Мутаассифона, имрӯз ҷанг ба касби ман мансуб шудааст, яъне ҷанги матбуотӣ шудааст. Он василаеро, ки мақсади ҳақиқиаш ҳаётсозист, барои ҳаётсӯзӣ истифода мебурдагӣ шудаанд. Он василаеро, ки мақсадаш ширингӯист, ба талхиву ифлосӣ мепайвастагӣ шудаанд ва ҳар касе, ки ба ин ё он сабаб мақсади дилхоҳашро ҳосил накард, ба технологияи нав даст мезанад ва аз он суханҳое мегӯяд, ки ба танҳоӣ гуфтанашон, дар даруни дил гуфтанашон ҳам одамгарӣ нест. Онҳо аз он истифода кардан мехоҳанд, ки чанд сураву оятро азёд кардаанд. Аз он истифода кардан мехоҳанд, ки мардуми тоҷик ба Худову Расул эътиқод дорад. Аз он истифода кардан мехоҳанд, ки мутаассифона, мушкилиҳои иқтисодӣ ва гаҳе ҳам иҷтимоӣ, ки ҳамчун иллати ҷанг дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, ҳанӯз рафъ нашудаанд ва аҷиб аст, ки ҳатто онҳое, ки зиндагӣ ба ҳолашон хандидааст дигаронро ба бероҳагӣ бурдан мехоҳанд. Ин аст фоҷиаи имрӯзаи иддае аз ҳамзабонҳо ва ҳамватанҳои мо.
Иброҳим Усмонов, профессор