Боз гардидани роҳи деҳаи Гишуни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум

Дар натиҷаи боришоти пайдарпайи мавсими баҳори соли 2025, хусусан дар моҳҳои апрел ва май, дар роҳи аҳамияти маҳаллӣ, ки деҳаҳои Хост ва Гишуни Ҷамоати деҳоти Қалъаихумро бо маркази ноҳия мепайвандад, кӯҳпораи калонҳаҷм ва сангрезаҳои зиёд фаромада, ҳаракати нақлиёт пурра қатъ гардида буд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва таъмин намудани дастрасии аҳолии деҳаҳои мазкур ба роҳҳои марказӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз тадбирҳои зарурӣ андешида, ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Дарвоз дастур дода шуд, то корҳои бартарафсозӣ дар муддати кӯтоҳ амалӣ карда шаванд.
Бо ҷалби техника ва кормандони соҳа, масири зикршуда бо шангу шағал пур ва ҳамвор карда шуда, корҳои техникӣ бо муваффақият анҷом дода шуданд. Дар натиҷа, роҳи автомобилгард ба самти деҳаи дурдасти Гишуни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум боз гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз нав барқарор карда шуд.
Мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ назоратро ҷиҳати нигоҳдории роҳ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ дар ин самт таҳким мебахшанд.