Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷавонони олиқадр!
Сараввал, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кули ҷавонони кишварро, ки пешбарандаи наслио яндаи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, тақдиру ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти онҳост, сидқан табрик гуфта, барои якояки аз даргоҳи Худованд, саломативу сарбаландӣ ва расидан ба ҳадафҳои неку созанда барои пешрафти Ватани азизамон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Дар ҳама давру замон ва дар тамоми давлатҳои ҷаҳон давлату ҳукумат ба ҷавононаш так янамуда, ба онҳо таваҷҷуҳу эътибори беандоза медиҳад, зеро ҷавонон насли пешбарандаю ояндаи ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбанд.
Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷӯҳ ва ғамҳориҳои махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳоро муҳай ёнамудааст, то ки наврасону ҷавонони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.
Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат арзиёбӣ намудаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид гардид, ки ҷавонон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳаргуна хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар замони ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд худ дарк намоянд, ки ояндаи тақдири давлату халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди кишвар ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони ноҳияи Дарвоз низ чун дигар ҷавонони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар содиконаю софдилона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар- Ватанро бо сари баланд ва ифтихору сарфарозӣ аз миллату давлати хеш адои хизмат намуда истодаанд ва дар тӯли 6-соли охир ноҳияи Дарвоз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар сатхи ҷумҳурӣ яке аз авалинҳо шуда, дар рӯзи авали даъват ба иҷро мерасонад, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонони ноҳия дарак медихад.
Дар баробари ин ҳама ҷавононимо дар дохил вахориҷӣ кишвар дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Ватани азизамон зарур мебошанд.
Ҷавонони имрӯза пайрави Пешвои миллат буда, худро дар ободии Ватан маъсул мешуморанд. Натиҷаи ҷаҳду талош, иқдому ташаббусҳои воқеъбинонаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва Ҳукумати кишвар дар таъмини сулҳу суботи доимии мамлат аст, ки имрӯз мардуми тоҷик бо ҳам сарҷамъ, махсусан ҷавонон бо якдигар дӯсту бародар гардиданд ва дар ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Умедворем, ки ҷавонони бонангу номус омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва меҳнати содиқона ба халқу Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, баҳри гул-гулшукуфии кишвари азизамон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона менамоянд.
Бо чунин орзую умеди нек бори дигар ҳамаи ҷавонони азизу гиромиро ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон беҳтарин хушиҳои ҳаётро таманно дорам.
Ид муборак, ҷавонони саодатманди Ватан!