Баргузории озмуни ҷойҳои кори холӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз
Дар таърихи 10.09.2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси комиссияи озмунӣ, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва Сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Авзалшоева М озмуни ҷои кори холӣ гузаронида шуд.
Дар озмун 6 нафар иштирок намуда, дар асоси низомномаи баргузор намудани озмун ба довталабон саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки дар натиҷа довталабон ба мансабҳои зерин, аз ҷумла; Матимова Зуҳро Эшдавлатовна - мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳитяи Даврвоз, Абдуллоев Меҳрубон Зайдуллоевич - ба мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз, Мирзозода Наргиси Давлатмаҳмад - мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз, Раҳмуддинзода Сайфудин Раҳмонудин - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Нулванд, Суфиев Алишер Алушиевич - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Қалъаихум таъин карда шудаанд.
Дар охир раиси ноҳияи Дарвоз раиси комиссияи озмун ба сухан баромада, ҳамаи шахсоне, ки дар озмун ба мансабҳои маъмури хизмати давлатӣ иштирок намуданд, муваффақият орзу намуда табрик намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.