Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории маҷлиси ҷамъбастии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияи Дарвоз дар соли 2024

jambasti 2024
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз таҳти раёсати раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти ноҳия дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар машварати васеи назди раиси ноҳия муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад муовинони раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ифтитоҳ намуда, суханро барои гузориш ба муовини якуми раиси ноҳия Давлатзод Ҳаким Алушӣ доданд.
Баъди баромади муовини якум раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон ба муҳокимаи масъала гузашта, фаъолияти кории шуъбаю бахшҳо ва идораю муассисаҳои ноҳияро дар алоҳидагӣ таҳлилу натиҷагирӣ намуда, муваффақиятҳои ба дастомадаро назаррас арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, Сафарзода Давлат-муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия ба сухан баромада, фаъолияти кории идораю муассисаҳои ноҳияро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, ӯ вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи диёр, ки дар соли 2024 рӯи кор омаданд, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид намуданд, ки ноҳияи Дарвоз имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои пешрафтаи саноатӣ шинохта шудааст.
jambast 2024
Дар баробари ин, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, тақвият бахшидани корҳо дар соҳаи маориф, фарҳанг, садоқату вафодори нисбат ба давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботу ваҳдати миллӣ, инчунин вобаста ба дустуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ибрози андеша намуданд.
Муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо Одинамҳаммад низ ба сухан баромада, дар маҷмуъ фаъолияти кории идораю муассисаҳои ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар баробари ин, муовини раиси вилоят вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳисоббаробарикуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасонӣ, дӯкону мағозаҳо ва дигар субъекттони хизматрасон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, вобаста ба сари вақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як хона кӯча, маҳала ва деҳа, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, масъалаи даъват ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳ, дарёфт намудани манъбаҳои нави андозбандӣ, насб намудани радиовизуелҳо дар деҳаҳо, насб намудани шиору овезаҳо, тақвият бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, дар ҳар як деҳа сохта ба истифода додани иншоотҳои тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, вусъат бахшидани раванди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара суханорнӣ намуданд.
Дар охир раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон баҳри бартарф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони идораю муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 



Омори сомона

1371152
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
313
1235
2357
1361907
21646
21295
1371152