БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ СЕЮМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-и МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
Иҷлосияи сеюм (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия санаи 18-09-2020 бо даъвати 34 нафар вакилони халқии ноҳияи Дарвоз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Дар кори иҷлосия мудирон ва кормандони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, МИҲД, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва роҳбарони мақомотҳои худфаъолиятии ҷамъиятӣ, директорони муассисаҳои таълимии асосӣ ва миёна иштирок доштанд.
Иҷлосияро муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз Давлатзод Ҳаким Алушӣ ифтитоҳ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якум, ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Нулванд Ғуломҷонов Азизҷон вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.
Сипас, вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Дарвоз аз 28.03.2016, №426 оид ба иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 29.06.2010, №163 вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таълимию илмии ҷмҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ» муовини раиси ноҳия Мирзозода Зарина баромад намуд.
Инчунин, дар кори иҷлосия баромади вакил аз ҳавзаи интихоботии Қалъаихум, №11 Шоева Сурайё «Дар бораи вазифаҳои вакилӣ ва хизматӣ» шунида шуда, қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои дуюм ва сеюм (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул карда шуданд.
Дар охири аз ҷониби раискунанда вобаста ба масъалаҳои даъват ба сафи Кувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ҳосилҷамъоварӣ, пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.