Баргузории иҷлосияи понздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз
Иҷлосияи понздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз санаи 21-уми июни соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, раисони МХҶ ва эмомхатиби масҷиди ҷомеъ иштирок доштанд.
Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи иҷлосия шинос кард. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин пешниҳод гардиданд.
1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 28.04.2020, №152 оид ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 18.12.2019, №216 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025”
2. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ширг, №14 Расоев Абдулсаттор Абдулқаҳорович “Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ”
3. Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз аз ҳавзаи интихоботии Камчак, №29
4. Дар бораи тасдиқи қарори раиси ноҳияи Дарвоз аз 10.03.2023, №86 “Дар бораи ба тавозуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон додани осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат”
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои чордаҳум ва понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) қабул гардидаанд мавриди муҳокима ва барасии вакилон қарор дода шуданд.
Инчунин, ӯ дастуру супоришҳои раиси вилоятро расонида таъкид намуданд, ки ҷиҳати баргузор намудани барномаҳои рангини фарҳангӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, духти либосҳои мактабӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андоз, дохилшавии хонандагон ба муассисаҳои олии кишвар, омодагӣ ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ қарор доштани техникаву таҷҳизотҳо барои зимистонгузаронӣ, истироҳати тобистонаи кӯдакон ва масъалаҳои дигари рӯзмара корҳо ҷонок карда шаванд.
Дар охири иҷлосия раиси ноҳияи Дарвоз ҳамаи сардорони идораю муассисаҳои дахлдор ва фаъолони ноҳияро ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ даъват намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастру супоришҳо доданд.