Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" дар ВМКБ

furug
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷамъбаст гардид. Ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатри дигар ғолибони озмуни даври вилояти "Фӯруғи субҳи доноӣ КИТОБ АСТ" аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Дарвоз 3 нафар ба даври ниҳоии озмуни мазкур роҳхат пайдо намуданд.
Аз ҷумла: ВАТАНЗОДА ЗУҲАЛ аз рӯи номинатсияи адабиëти муосири тоҷик, сазовори ҷойи якум, ИЛҲОМШОЗОДА ЭМОМАЛӢ аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон, сазовори ҷойи дуюм ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 РАҲМАТУЛЛОЗОДА НАВРАСТА аз рӯи номинатсияи адабиёти класики тоҷик, сазовори ҷойи дуюм гардида, дар вазъияти тантанавӣ, бо Дипломи дараҷаи 1 ва 2, инчунин маблағи пулӣ озмун қадрдонӣ карда шуданд.
Муборак бошад!

 



Омори сомона

2035200
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1761
2814
13093
2008547
32324
45111
2035200