Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузор намудани Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

 

confrons

 Рӯзи 05-уми ноябри соли 2021 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар  толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Конференсияи илмӣ бахшиба ба Рӯзи қабули Конститутсия, бо иштироки муовини раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор карда шуд.

 Нахуст, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Давлатзод Ҳаким Алӯши суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният  гуфта, вобаста ба ин санади сарнавиштсоз маърӯза намуда, иброз намуданд, ки маҳз Конситутсия имконияти таҳким бахшидани соҳаҳои ҳаёти сиёсиӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овардааст.

Дар баробари ин кормандони дастгоҳи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ватанов. П ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сафаров. М вобаста ба аҳмияти таърихии Конститутсия  суханрони намуданд.

Инчунин, дар дигар идораю муассисаҳои ноҳия низ бо иштироки кормандон вобаста ба Рӯзи Конситутсия ҷамъомади илмӣ ташкил карда шуд.

 



Омори сомона

1321671
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
294
476
2612
1315378
11631
23181
1321671