Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Аз таъмири пурра баровардани бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ деҳаи Жаки Ҷамоати деҳоти Нулванд

Jak
Рӯзи 4 ноябри соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД- и ноҳияи Дарвоз ва бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар деҳаи Жаки Ҷамоати деҳоти Нулванд бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ, ки бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони деҳа аз таъмири пурра бароварда шуданд, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия ва ҳамроҳон ба дастандаркорон баҳои баланд дода, ин иқдомро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Сокинони деҳаи Жак аз ин кор ниҳоят хурсанд гардида, ба МИҲД ноҳия ва соҳибкорон изҳори сипос намуданд.

 



Омори сомона

2035200
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1761
2814
13093
2008547
32324
45111
2035200