Гиромидошти 70-умин солгарди шоир Абдураҳмони Сулаймонӣ
Рӯзи 04-ноябри соли 2021 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар бинои қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 70- солагии шоири ширинсухан Абдураҳмони Сулаймонӣ маҳфили фарҳангю фароғатӣ, бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ васардорону кормандони идораю муассисаҳо баргузор карда шуд. Инчунин, дар ин маҳфил, наздикону пайвандон, дӯстон ва хешу таборони шоир иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Давлатзод Ҳаким Алӯши суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозирин ва устод Абдураҳмон Сулаймониро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати 70-солагии умри пурбаракат табрику муборакбод намуданд.
Ҳамчунин дар ин маҳфил хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти шоир порчаҳои шеърӣқироат намуда, ҳунармандони бахши фарҳанг низ бо суруду таронаҳои худ аз ашъори шоир, табъи иштироккунандагони маҳфилро болида сохтанд.
Зиндагиномаи шоир
Шоир Абдураҳмони Сулаймонӣ 7-ноябри соли 1951 дар деҳаи Зинги Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда онро муваффақона соли 1983 хатм намуда, ба зодгоҳаш бар мегардад.
Меҳру муҳаббат пайдо кардани устод Абдураҳмони Сулаймонӣ ба шеъру шоирӣ асосан аз солҳои 1972 аз даврони омӯзгорӣ оғоз гардида, сипас дар мактаби деҳаи Зинг идома пайдо намудааст. Дар баробари ба шеъру шоири ва омӯзгорӣ машғул буданаш, у инчунин дар давоми умри пурбаракати хеш дар як қатор мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ кору фаъолият намудааст. Таҷрибаи хуби корӣ фаъолияти пурмаҳсул ва қобилияти ташкилотчигии устодро ба инобат гирифта, ӯро соли 1996 ба дастгоҳи раиси ноҳия ба кор даъват менамоянд.
То ба нафақа баромадан устод дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ аз ҷумла, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, котиби Ҷамоати деҳоти Қалъаихум, мудири шуъбаи меҳнат ва сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия кору фаъолият намудааст.
То ба имрӯз шаш маҷмӯаи ашъори шеърии устод Абдураҳмони Сулаймонӣ бо номҳои «Пари ишқ», «Рози ниҳон», «Меҳри диёр», «Субҳи Дарвоз», «Гуфтему рафтем» ва «Ҳар чӣ ояд бигзарад» ба табъ расида, дастраси хонандагон ва ҳаводорони шоир гардидаанд. Инчунин, маҷмӯаи ҳафтуми шоир бо номи «Дарвозномаи ман» омода гардида, дар ҳолати чоп қарор дорад. Қайд намудан зарур аст, ки устод бо он ҳама дастоварду фаъолияти пурсамари хеш дар байни коллективи меҳнатӣ ва мардуми Дарвози бостонӣ соҳиби иззату ҳурмат ва эҳтироми хосса пайдо намудааст.Ҳамаи ин музафариятҳои ӯ маҳз аз пайваста омӯхтани нозукиҳои шеъру шоирӣ ва ҳарчӣ бештар ба раванди эҷодии нобиғаҳои шеъру сухани анъанавиии диёр Мӯъмин Қаноат ва дигар равшанфикрону донишмандони шинохтаи диёр ва ҷумҳурӣ ибтидо мегирад.
Имрӯзҳо шеърҳои эъҷоднамудаи устод Абдураҳмони Сулаймониро на танҳо хонандагон мутолиаю аз бар мекунанд, балки ҳунармандони диёр бо як фасоҳати баланд ба оҳанг баста, пешкаши мухлисони сершумораш мегардонад. Шеърҳои эъҷоднамудаи ӯ аз як тараф анъанаи классикиро дар худ нигоҳ дорад, аз тарафи дигар онҳо вобаста ба талаби замон такмил ёфтаву ба қалби шунавандагон роҳ меёбанд.
Айни замон шоир дар камолоти эҷодиёт қарордошта, ҳамаи ҳамдиёрон, пайвандону мухлисон сершумораш дар фаъолияти сермаҳсули шоири ширинсухан, дастовардҳои нав ба навро интизоранд. Умедворем, ки устоди бузургвор Абдураҳмони Сулаймонӣ ҳамчун шоири мумтози халқ баҳри пешрафти шеъри тоҷик боз чандин соли дигар хидмат хоҳад намуд.
Ҳамчунин боиси зикр аст, ки устод дар даври ноҳиявӣ ва вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб гардида, айни ҳол барои иштирок намудан ба даври ҷумҳуриявии озмун омодагӣ дида истодааст.
Ба устоди гиромӣ қадр дар фаъолияти минбадаи меҳнатияшон бурдборҳои беназирро таманно менамоем.