Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ТТЭ ҲНИ – сабабгори бадбахтиҳо

Баъди барҳам хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам мисли ҷумҳуриҳои дигар мебоист дар тамоми соҳаҳо корҳои созандагӣ ба роҳ монда мешуданд ва давлатдории навини тоҷикон устувор мегардид. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон он замон ба марҳилаи нави инкишофи давлатдорӣ ворид гардида буд. Тамоми фаъолияти давлату ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон дар он давра бояд барои мустаҳкамсозии давлатдории миллӣ, дар шароити нав ба роҳ мондану инкишоф додани иқтисоду саноат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ равона мегардид. Айнан ҳамон корҳои созандагие мебоист анҷом меёфтанд, ки дар кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ амалӣ карда шуданд.

 

Аммо он замон ба ҷойи созандагию ободкорӣ ва мустаҳкасозии давлатдорӣ дар Тоҷикистон ҳодисаю воқеаҳое сар заданд, ки бар зарари миллат буданд ва паёмадҳои ниҳоят вазнини нобудкунанда доштанд. Солҳои навадум ба ҷойи анҷом ёфтани амалҳои созандагӣ ва устувор гардидани давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон ҷангу нооромиҳо ба вуқуъ пайвастанд, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳазорон нафар, бехонумон гардидани садҳо ҳазор шуданд. Сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, сохти конститутсионӣ аз байн бурда шуд. Иқтисод хароб ва рафти тараққиёти Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба муддати чандин сол ақиб монд.

 

Бояд қайд кард, ки сабаби асосии ба чунин вазъияти мураккабу печида гирифтор шудани Тоҷикистон ин фаъолияти ташкилоти терористии наҳзатӣ буд. Ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошуравӣ дар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо хатари терроризму ифротгароии динӣ ру ба ру гардид. Дар ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ чунин ҳолат, яъне афзоиши ифротгароӣ ва таъсири густурдаи терроризми байналхалқӣ он замон ба назар намерасид. Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумла ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ исломи сиёсӣ таъсиргузор нагардида буд. Вале дар Тоҷикистон исломи сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналхалқӣ дар симои ташкилоти наҳзатӣ зоҳир гардид ва сабабгори асосии асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар шуд.

 

Мо хуб дар хотир дорем, ки ҳануз дар давраи охири мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо суиистифода кардан аз татбиқ гардидани сиёсати “бозсозӣ” ва ба миён омадани озодиҳои динӣ, доираҳои манфиатдори мазҳабӣ ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷии минтақа бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои геосиёсии худ дар  Тоҷикистон ташкилоти террористии наҳзати исломиро   аз ҳисоби муллоҳои мутаассиб ва иртиҷоӣ ташкил карданд. Паёмади амали мазкур чунин буд, ки дар як муддати кутоҳ  ташкилоти наҳзатӣ ҳамчун василаи дасти неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ба кор даромад ва бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолияти сузандаашро ба роҳ монд. Таблиғгарони наҳзатӣ дар байни аҳолӣ таблиғоти идеологии худро бар зидди дунявият, сохти конститутсионӣ вусъат доданд ва ақидаҳои динии барои мардуми мо бегонаро паҳн кардан гирифтанд. Натиҷаи чунин фаъолияти тахриботии муллоҳои иртиҷоии мутаассиби наҳзатӣ дар ҷомеа роҳ ёфтани равия ва мазҳабҳои бегона буд.  Он замон наҳзатиҳо одамонро ба кофару мусулмон ҷудо карда, дар ҷомеа зиддият ва нобовариро ба амал меоварданд. Оқибати амалҳои наҳзатӣ ба он оварда расонд, ки давлатдории Тоҷикистон дар замони нав зарбаи сахте дид. Фаъолияти сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, сохти конститутсионӣ барҳам хӯрд, иқтисоди кишвар хароб гардид.

 

Ба бахти баланди мардуми тоҷик, дар ноябри соли 1992 Пешвои миллат Сарвари давлат интихоб гардиданд ва аз ҳамон рӯз раванди созандагӣ ва ҳаракат ба сӯи сулҳу оромӣ шуруъ шуд. Мардуми тоҷик дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардида, ба ваҳдату пирӯзӣ расиданд, оташи ҷанги хонумонсӯз хомуш карда шуд. 

 

Баъди анҷом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ваҳдати миллӣ ва рушду тараққӣ наҳзатиҳо авф карда шуданд ва ҳамчун ҳизби расмӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Вале ниҳодашон, ки ифротию террористона буд, аз раҳи хушунату хунрезӣ ва фаъолияти зиддимардумиашон барнагаштанд. Чун медонистанд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ намеёбанд, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон даст ба амалҳои ҷиноятӣ, террору куштор заданд ва фаъолияти тахриботиро идома додан гирифтанд. Ҳатто наҳзатиҳо баъди дар интихоботи парлумонӣ ноком шудан, дар соли 2015 даст ба табаддулоти низомӣ заданду хушбахтона шикаст хурданд.

 

Ҳамин буд, ки баъди содир кардани ин ҷиноятҳо наҳзат ҳамчун ташкилоти террористию мамнуъ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон шинохта шуд. Акнун тамоми мардуми тоҷик  медонанд, ки омили ноамнӣ дар солҳои тулонӣ барои кишварамон маҳз ТТЭ ҲНИ будааст.

 

Акнун ба ҳама маълум аст, ки танҳо баъди мамнуъ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шудани ташкилоти наҳзатӣ дар Тоҷикистон сулҳу оромии комил устувор гардид ва шароити мусоид барои тараққию рушди минбаъда фароҳам оварда шуд. Дигар мардуми мо ба қадри оромию осудагӣ мерасад ва ҳаргиз фирефтаи макри наҳзатӣ намегардад. Имрӯз мардум дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳид аст ва барои ободии кишвар талош мекунад.

 

Имрӯз як гурӯҳи хурду нотавони наҳзатиҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд ва бо паҳн кардани хабару матлабҳои дуруғу иғвоангезона бар зидди Тоҷикистон фаъолият доранд. Вале ба мақсад намерасанд, зеро мақсадашон нопоку зиддимардумист.

 

 

С.Зиёев,

 

пажуҳишгар

 




Омори сомона

2126611
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
157
2147
3987
2108224
9926
47903
2126611