ВОХӮРИ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ВА "МАҲАЛА БА МАҲАЛА" ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Бо мақсади таҳкими робита байни мардум ва мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо вохурии гуруҳи кори бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ва гуруҳи корӣ, имрӯз дар деҳаи Ёгеди Ҷамоати деҳоти Нулванд роҳандозӣ гардид.
Дар вохӯри аз ҷониби раиси ноҳия вобаста ба дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 17 июли соли ҷори баргузор гардида, ба саҳми иштирокчиён расонида, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси хизмат ба Ватан-Модар дар қалби ҷавонон, адо намудани хизмати ҳарбӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои амлкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" , "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", сохтмони майдончаҳои варзиши дар деҳаҳо, масъалаи пешгирии амалҳои номатлуб терроризм, экстромизм, ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, арҷгузорӣ ба урфу одатҳои миллӣ, риояи фарҳангӣ либоспӯши миёни занону духтарон, фарогирии сокинон ба шуғли пурмаҳсул, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара андешаронӣ
карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби гурқҳи корӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии дурусти нерӯи барқ ба мардум фаҳмонида шуд. Дар охир аз ҷониби истиқоматкунандагони деҳа дархосту пешниҳодҳо шунида шуда, баҳри иҷрои онҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд.