Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ БАРГУЗОР ГАРДИД

hizb2025
Санаи 30.07.2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти кумита ва ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Муовини раиси ноҳияи Дарвоз Сафарзода Хушбахтшо Акбаршо ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Шарифзода Хаёл Абдулқаҳор ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз ва баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025;
2. Дар бораи тасдиқи нақша- чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ аз 17 июли соли 2025
3. Оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаи ҳизбӣ "Минбари халқ"
4. Масъалаҳои ҷорӣ;
Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муфассал қироат гардид.
Тавре ки аз гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз бармеояд, давоми нимсолаи якуми соли 2025 ҳизбиёни ноҳияи Дарвоз фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муҳимтарин самтҳои рушти Тоҷикистонро барои солҳои 2025 – 2030 пешбинӣ менамояд. Инчунин, ҷиҳати таъмини рушди устувор ва пешрафти мамлакат, муҳайё сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии халқ, инчунин баҳри беҳтар гардонидани ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии пойтахт нақши арзандаи худро гузоштанд.
Дар қисмати музокира оид ба баррасии фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ баромада , баъдан аз ҷониби намоянда ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳизбӣ дастуру пешниҳодҳои судманд дода шуд.
Вобаста ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 17.07.2025 оид ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, оид ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.Инчунин, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, бештар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар сатҳи ноҳия, маҳаллаҳо бо усусли “Маҳалла ба маҳалла” ва омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар гардид.
Аз рӯи масъалаи сеюми Оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаи "Минбари халқ" аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз барои тасдиқ ба муҳокимаи аъзои Кумита пешниҳод гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, бо дар назардошти фаъолияти босамарашон дар самти амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҲХДТ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз супорида шуд.
Бо ҳамин ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз баррасӣ гардида, кори маҷлис пушида эълон гардид.

 




Омори сомона

1808070
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
316
323
639
1802252
6297
32768
1808070