Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Вохӯрии намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

akademy

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо иштироки Маҷидзода Саидаброр Исломҷон - муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Меҳриддин Шукур - сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кормардони идораву муассисаҳои ноҳия вохӯри баргузор карда шуд.

 

Дар вохӯрӣ Холзода Меҳриддин Шукур - сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ва шарҳи «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, оиди мазмун ва муҳтавои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба ин соҳаро мавриди муҳокима қарор дода, аз ҷониби иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дар вохӯри инчунин, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Қурбониён Маъмурҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 




Омори сомона

1507460
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
207
1497
2961
1497488
20716
25049
1507460