Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дарвоз

furug2025

 

14 май дар толори Гимназияи №1 барои хонандагони болаëқат бо иштироки хонандагону омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун даври ноҳияи озмун оғоз карда шуд.

 

Қайд карда шуд, ки соли ҳафтум аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

 

Зикр карда шуд, ки дар партави дастуру суроришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро рӯ ба китобу китобхона оварданд.

 

Тули чанд соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, бешак, шоҳиди он мегардем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояду аудиторияи онҳо васеъ мегардад.

 

Сипас, иштирокчиёни озмун аз рӯи номинатсияҳои баргузории озмуни мазкур ба гурӯҳҳо тақсимбанди карда шуданд.

 




Омори сомона

1507391
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
138
1497
2892
1497488
20647
25049
1507391