Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Дар деҳаи Зинг бо ибтикори соҳибкорон ва сокинони майдончаи варзишӣ сохта мешавад

zing2025

Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкорона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зинги Ҷамоати деҳоти Қалъаихум бо ибтикори соҳибкорон ва сокинони деҳа майдончаи варзишӣ сохта мешавад, ки имрӯз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон аз рафти оғози сохтмони майдончаи варзишӣ дидан намуда, аз ташаббуси сокинону ҷавонони бо ору номуси деҳа изҳори хушнудӣ намуданд.

 

Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки мо бояд сиёсати созандаву вазишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 




Омори сомона

1660204
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
252
664
3742
1649864
12177
28993
1660204