Баргузории ҷаласаи комиссияи ҷамъиятии назди МИҲД-и ноҳия вобаста ба татбиқи амалигардонии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷаласаи комиссияи ҷамъиятии назди МИҲД-и ноҳия вобаста ба татбиқи амалигардонии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки аъзоёни комиссия баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон оиди татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар таҳрири нав қабулгардида аст, изҳори назар намуданд.
Сипас, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими назди МИҲД-и ноҳия Ташрифов Худобахш дар бораи фаъолияти комиссияи ҷамъиятии назди МИҲД-и ноҳияи Дарвоз дар давоми 10 моҳи соли равон маълумот дод.
Инчунин, раиси ноҳия вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими корҳои идеологӣ, таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ғояҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноӣ, солимгардонӣ ва ҷалби бештари ҷомеа ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр карда шуд, ки қонунҳои миллӣ ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра рӯи кор оварда шудаанд.