Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузор намудани чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз

 

parcham

 

Рӯзи 12-уми ноябри соли 2021 тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сардорони идораю муассисаҳои ноҳия баргузор карда шуд.

 

Нахуст, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон суханронӣ намуда, кулли  иштирокдоронро ба муносибати  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари мақсаду маром ва таҷҷасумгари давлатдории миллати куҳанбунёди мост, аз самими қалб табрику муборакбод  намуданд.

 

Ҳамзамон, вобаста ба  аҳмияти таърихӣ будани Парчам суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки аҷдодони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби Парчами худ буданд ва дар раванди таърихӣ тавонистанд, ки онро ҳамчун рамзи мутаҳиддию сарҷамъӣ ва озодию истиқлои аҳли башар ҳифзу гиромӣ дорад.    

 

Инчунин ӯ афзуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташабусу ҳидоятҳои бевоситаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии насли наврас махсусан ҷавонон, 30 августи соли 2011 пояи Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр баландтарин дар ҷаҳон дар маркази шаҳри Душанбе барафрохта шуд, ки ҳамчун дар китоби рекорди Гинессабт гардидааст, ки мояи ифтихору сарфарозии ҳар як сокини ватандуст мебошад.

 

Бо ҳамин мақсад, ҳамасола дар маркази шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ боғҳои Парчами давлатӣ бо пояи баланд барафрохта мешавад. Дар зери ливои матоъи Парчам, халқу миллатҳои гуногун мутаҳид гардида, барои расидан ба орзую ормонҳои деринаи худ ҷаҳду талош меварзанд.

 

Ҳамзамон, дар чорабини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Бердиев Маҳмуд ба сухан баромада таъкид намуданд, ки имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори дошта, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, ки дар он унсурҳои мутаҳидсозию сарҷамъӣ озодию ободӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти Ватан, нуҳуфтааст, онро чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба ҷавонону фазандони худ  талқин намоем.

 

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз тарафи раиси ноҳия барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистони ватани азизи ман” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипоми озмуни мазкур сарфароз гардонида, шудаанд.

 

Инчунин, барои саҳми назаррас гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия кормандони   КВД “ХМК ”-и ноҳия бо туҳфаҳои раиси ноҳия сарфароз гардониданд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳиябо барномаи омоданамудаи  худ, табъи бинандагонро болида сохтанд.




Омори сомона

1173064
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
457
313
2562
1167948
9642
25133
1173064