Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Конференсияи илмиӣ бахшида ба гиромидошти Шириншоҳ Шоҳтемур

 shirinsho

 

Рӯзи 04-уми сентябри соли 2021 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар бинои қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба гиромидошти Шириншоҳ Шоҳтемур чорабинии илмиӣ бо иштироки муовини раис, роҳбари дастгоҳ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин сардорони идораю муассисаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир карда шуд.

 

Дар ин маҳфили илмиӣ, ки ба муносибати 122-солагии фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид, омӯзгорону хонандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст, муовини раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарама Мирзозода Зарина вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур суханронӣ намуда, нақши  ин шахсиятро дар таҳким ва тақвият бахшидани давлатдории миллии тоҷикон баҳои баланд дода, саҳми онро дар ташкили  ҶШСТ махсус арзёбӣ карданд.      

 

Инчунин, қайд намуданд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур дар қатори дигар шахсиятҳои таърихӣ ба монандии Нусратуллои Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон дар ҳамоҳангӣ новобаста аз таҳдиду хатарҳои замон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ба ҳадафҳои олии худ, ин ташкил намудани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ноил гардиданд.  Кору фаъолият ва қаҳрамониҳои  ин шахсият имрӯз барои мо ҷавонону хонандагон намунаи ибрат буда, дар таҳким ва тақвият бахшидани рӯҳияи худшиносии миллӣ таъсири калон мерасонад. 

 

Баъдан, аз ҷониби омӯзгор  Суфиев Сайфулло аз лаҳзаҳои ҳаёту фаъолият ва корнамоиҳои беназири Шириншоҳ Шоҳтемур дар соҳаи давлатдории миллии тоҷикон ёдоварӣ карда шуд.

 

Дар охири кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо чанде аз барномаҳои фарҳангии хеш, ба муносибати 122-солагии фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри тамошобинон пешкаш намуданд.

 

 

 




Омори сомона

1175915
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
344
733
1709
1170502
12493
25133
1175915