Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2021

  Abdurahmonzoda S S

 Ҳозирини гиромӣ, ҳамдиёрони азиз!

Истиқлолият рамзи баҳамоиву якдилӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба якдигараст, ки ба даст овардани ин неъмати бузург нишон аз хиради азалии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Дарвоз ва Тоҷикистони биҳиштосоро табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама саломатӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва бурдбориҳои беназирро таманно дорам.

Беҳтарин неъмате, ки инсониятро барои расидан ба ҳадафҳои арзишманд раҳнамун сохта, ҷавҳари ҳастии ӯро рушду такомул бахшида, дар шинохти воқеӣ пирӯз мегардонад, истиқлолият аст. Маҳз боҳамин сабаб миллатҳо дар тӯли таърих доимо талош мекунанд, ки ба ин неъмати бебаҳо ноил гашта, тақдири минбаъдаи давлатдориро мустақилона муайян намоянд.

Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки дар 30 соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он боз аҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои авали соҳибистиқлолии кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуданд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нестшудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеаи талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ хеле бузург аст.  Бо қатъият иброз медорам, ки ин Иҷлосия шахси сулҳофару сулҳдӯст, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба майдони сиёсат овард, ки тавонист орзую омоли чандинсолаи мардумро амалӣ намояд.

Дар солҳои баъдӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Ҳоло бо шарофати хизматҳои халқи азизамон, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи стратегии миллии мо- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии мамлакат амалӣ гардидаю гашта истодаанд.

Дӯстони азиз!

Мардуми шарифи Дарвоз хуб даркмекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бо нангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватандӯст мебошад.

Дар ноҳияи Дарвоз дар муддати 30 соли соҳибистиқлоли дигаргуниҳои куллие ба миён омада, тантанаҳои ин иди бонуфузтарини миллат бо дастагулҳои хуби меҳнатӣ, чун армуғон пешвоз гирифта мешаванд.

Зери парчами истиқлолият ноҳияи Дарвоз чун дигар минтақаҳои кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 маротиба ба ноҳия сафар кардаю бо ҳар сафараш тавонистааст ободкорию созандагиҳои зиёдеро ба бор биорад, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром пеш рафта истодааст.

Кушодани роҳи байналмилалии автомобилгарди Кулоб-Қалъаихум як туҳфаи арзишманд барои тамоми мардуми Бадахшон аст, ки натиҷааш бесобиқа буда, имрӯз сохтмони-алоҳидаи ин роҳ бо маром идома доранд.

Тазаккур медиҳем, ки дар ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии МИҲД-и ноҳия коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла НБО хурди «Ширг 1 ва 2», «Карон-мрамор», «Карон-гавҳарнигор», «Кохи бонувон», «Шимшо», «Таком-голд», «Ахтари меҳр», «Карон-калсит», «Парки инаватсионии технологию саноатӣ» ва боз даҳҳои дигар сохта ба истифода дода шуда, фаъолият намуда истодаанд, ки дар ғанӣ намудани буҷети маҳаллӣ ва пайдо сохтани ҷойи корӣ саҳми назаррас мегузоранд. Агар дар соли 2010 буҷети ноҳия 7 млн 652 ҳазору 300 сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2021 ба 28 млн 215 ҳазору 700 сомонӣ расидааст, ки 3.7 маротиб зиёд мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар оянда низ вусъати нав пайдо намуда, корҳои ободонию созандагӣ ба маром идома меёбанд.

Дар ин давра бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия, шарикони рушд, соҳибкорони ватандӯсти диёр иншоотҳои маорифу тандурустӣ ва барои истироҳату фароғати сокинон боғҳои фарҳангӣ низ сохта ба истифода дода шудаанд.

Ин дастовардҳо баёнгари онанд, ки бошарофати сулҳу суббот маҳсулноки имеҳнат боло рафта, таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, амалӣ гардидани мақсаду мааром ва татбиқи нақшаҳои созандагӣ мақоми қавӣ пайдо мекунад.

Дӯстони азиз!

Истиқлолият барои мардуми тоҷик пеш аз ҳама озодии миллӣ дод, Дар сайёраи бузурги олам давлати мутамаддине бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки тамоми дунё онро эътироф кард.   Мо соҳиби марз, артиш, асъор ва Нишону Парчами мустақилем, ки ба номи миллату давлат тавъаманд. Ин аст, ки вазъи имрӯзаи ҷахон моро водор месозад, ки ба қадри ҳамаи ин неъматҳои бузург бирасем, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Нагузорем, ки нохалафе пойи шумашро ба Ватани ободу озоди мо гузошата, ин ободию озодиро халалдор созад.

Бори дигар Истиқлолияти комили Тоҷикистони азизро ба якояк табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу осударо таманно дорем.

Сарбаланду сарфароз бошед!

 




Омори сомона

1176085
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
14
500
1879
1170502
12663
25133
1176085