Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар ноҳияи Дарвоз

 

 

 hamoish 9 s 1

 

Рӯзи 07.09.2021 таҳти раёсати раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо мақсади сазовор истиқбол пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор карда шуд.

 

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони фарҳангӣ ва   тандурустӣ иштирок доштанд.

 

Чорабиниро раиси ноҳия Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон оғоз бахшида, сараввал қудуми якояки меҳмононро ба ин чорабинии пуршукӯҳ хушомадед намуда, сипас вобаста ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия дар даврони 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

 

hamoish 9 s 2

Баъди баромади раиси ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир суханронӣ ҳамаи намояндагон,    кулли сокинони саодатманди ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик намуданд.

 

Баъдан бо маърӯзаи пурмуҳтави хеш диққати иштирокчиёни чорабиноро ба дастовардҳои назарраси соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, ки дар  зарфи 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, аст гуфта гузашт. 

 

Сипас, аз тарафи раиси ноҳияи Дарвоз ба як қатор собиқадорони соҳаҳои гуногун барои саҳми назаррас гузоштан бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ  намуданд.

Дар чорабинии мазкур кормандони бахши фарҳанг бо шеъру  сурудҳои худ,  ки таранунмгари сулҳу дустӣ ва Истиқлолият буданд, таъби иштирокдоронро болида сохтанд.




Омори сомона

1176284
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
213
500
2078
1170502
12862
25133
1176284