Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории озмуни ноҳиявии «Беҳтарин донандаи китоби Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Дарвоз

 

bobojon 1 1   

Бо мақсади иҷрои қарорираиси  ноҳияи Дарвоз аз17  феврали  соли 2021, №69   таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, дастраси ҷамоатҳои деҳот ва сардорони идораю муассисахои дахлдор гардонида шуд.

 

Рӯзи 13.08.2021 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия давраи дуюми озмуни мазкур бо иштироки 32 нафар хонандагон   баргузор карда шуд.

 

  Қайд намудан зарур аст, ки озмун бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи гузаштаи халқи куҳанбуниёди тоҷик, фарогири ҳарчи зиёди сокинон ба мутолиаи китоб, дарёфти донандагони хуби таърих, огаҳи пайдо намудан аз гузаштаи пурғановати хеш, ғанигардонии захираи луғавӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва калонсолони ноҳия доир гардидааст.

 

   Ҳар як довталаб тибқи Низомномаи озмун ва шартҳои он китоби Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро манзури ҳакамон намуданд.  

 

     Ҳайати  ҳакамони озмун ба донишу малакаи довталабон саволу ҷавоб намуда, аз рӯйи низоми 10 бала ба довталабон баҳогузорӣ намуданд, ки дар ҷамъбаст 9 нафар довталаб, аз ҷумла 4 нафар хонандагон, 1 нафар донишҷӯ ва 4 нафар аз миёни калонсолон дар озмугни«Беҳтарин донандаи китоби Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров пайдо намуданд.

bobojon 1 2

 

Бо нишон додани маҳорати баланд ва мутолиаи  «Беҳтарин донандаи китоби Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия; Шаҳнозаи Гулмаҳмад  -хонандаи МТМУ-и №9 сазовори ҷойи якум; Ишқияи Сайидҷон- хонандаи МТМУ-и №9сазовори ҷойи дуюм; Умарзода Муҳаммадвалӣ-хонандаи МТМУ-и №19сазовори ҷойи сеюм; Бегова Аҳдия-хонандаи МТМУ-и №1  сазовори ҷойи сеюмдониста шуда, бо Диплом ва тӯҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

 

Дар баробари ин, аз миёни калонсолон 4 нафар Қосимзода Меҳровар- сазовори ҷойи якум, Эшонов Фозилшо-сазовори ҷойи дуюм, Амонуллои Сулаймонзода ваРаҳмзода Нозанин сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо Диплом ва тӯҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

 

     Ёдовар мешавем, ки барои дарёфти ҷоизаи озмун «Беҳтарин донандаи китоби Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров,Ватанов Пулодҷон- сармуҳаррири рӯзномаи “Дарвоз” бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва мутолиаи пурраи китоби мазкур барандаи ҷоиза дониста шуда, бо Диплом ва тӯҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардид.

 




Омори сомона

1162155
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1833
1836
4691
1145985
23866
16459
1162155