Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории иҷлосияи шашуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз

 

ijlosiy 6 2021 1

 

Иҷлосияи шашум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз санаи 16-уми   июни соли 2021 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.

 

Дар кори иҷлосияи шашум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия,  мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, раисони МХҶ  ва эмомхати бимасҷиди ҷомеъ иштирок доштанд.

 

Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ифтитоҳ намудаанд.

 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия гузориши мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Назирзода Шаҳзод оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» шунида шуд.

 

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқии ноҳия оид ба қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ширг, №14 Расоев Абдусаттор оид ба фаъолияти комиссия маълумот доданд.

 

Ҳамзамон, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Курговад, №25   Абдуллозода Почобибӣ «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ» шунида шуд.

 

Инчунин, дар кори иҷлосия пешниҳоди раиси Комиссияи ноҳиявӣ оид ба номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, талимгоҳҳо инчунин, объктҳои физикию ҷуғрофӣ «Оид ба номгузорӣ намудани Ҷамоати деҳоти Қалъаихум ба номи Шаҳраки Карон» пешниҳод гардид, ки аз тарафи вакилон якдилона пазируфта шуд.

 

ijlosiy 6 2021 2

Сипас, гузориши раиси комиссияи интихоботии ноҳия вобаста ба тасдиқ намудани ваколати вакилии Шоев Тоирҷон, аз ҳавзаи интихоботии №4, Сангевн ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои панҷум ва шашум, аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Назарзода Эмомназар лоиҳаи қарорҳои раиси ноҳия оиди ба тағийроти кадрӣ дар мансаби маъмурии хизмати давлатӣ хонда шуд.

 

Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз Иматшозода  Анвар – муовини раиси вилоят ба сухан баромада, оид ба рӯзномаи иҷлосия ва омодаги ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

 

Дар охири иҷлосия раиси ноҳияи Дарвоз ҳамаи сардорони идораю муассисаҳои дахлдор ва фаъолони ноҳияро ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ даъват намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуданд.

 




Омори сомона

1175762
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
191
733
1556
1170502
12340
25133
1175762