Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телвезионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» дар ноҳия

 

andaleb 2021

 

 Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи дар толори бинои бахши фарҳанги ноҳия Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии  эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мактаби мусиқӣ ва ҳунармандони касбии ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори оммава иштироки бевоситаи сардорони идораю муассисаҳо, дар як сатҳи хеле баланд баргузор  карда шуд.

 

Фестивал-озмун дар асоси талаботи Низомнома аз рӯи 12 шарти  муқарраргардида гузаронида шуда, ҳайати ҳакамони озмун бо тасдиқи раиси вилоят, аз Раёсати фарҳанги вилоят дар ҳайати 5 нафар рафти баргузории озмуни мазкурро баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намуданд.

 

Ҳамзамон, дар фестивал-озмун намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба “Солҳои рушди солҳои деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба марази тамошо гузошта шуданд.   

 

Ҳайати комиссия ба маҳорату истеъдоди  иштирокчиён шартҳои озмун  аз рӯйи низоми 10 бала баҳогузорӣ намуданд. 

 

Фестивал–озмун дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор карда шуд.

 




Омори сомона

1173252
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
69
576
2750
1167948
9830
25133
1173252