Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар ноҳияи Дарвоз

 

JBV 2021

 

Рӯзи 8-уми майи соли 2021 дар ноҳияи Дарвоз барои хотири неки фарзандони шуҷои Ватан, ҷавонмардони дарвозӣ, ки дар набарди хунини солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда аз худ корнамоиву ҷонисориҳои зиёд намудаанд, бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, комиссариати ҳарбии ноҳия, кормандони МИҲД-и ноҳияи Дарвоз, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораю муассисаҳо, иштирокчии ҷанги Венгрия Бобиев Хурсанд ва ҷанговарони башардӯст дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузоштанд.

 

Баъдан маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ҳозиринро ба ин ҷашни таърихи таҳният гуфта, ба як қатор кормандони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиён ифтихорномаҳ тақдим карда шуд.

 

Барномаи Фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия пешкаши тамошобинон ва ҳозирин гардонида шуд.

 




Омори сомона

1175144
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
306
482
938
1170502
11722
25133
1175144