Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Abdurahmonzoda S S

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост.

 

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳамасола санаи  24 ноябр бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва  дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, барои мо мардуми тоҷик ин ҷашн азизу муътабар аст, табрику муборакбод гуфта, тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда, сарбаландию сарфарозӣ, эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва хушҳолии кулли мардуми Тоҷикистонро таманно менамоям.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояш таъкид намуданд: «Парчами имрӯза яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

 

Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, симои воқеӣ ва таърихиро инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Парчам яке аз рукни асосии муқаддасоти миллӣ воҷиби эҳтиром ва арҷгузории шаҳрвандон мебошад. Ҳар ранги он маънии худро дорад. Мазмуни рангҳои Парчам аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма мегирад.

 

30 августи соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, насб гардид. Ба китоби «Гиннес» дохил шудани он ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони моро боз ҳам бештар мегардонад.

 

Парчами давлатию миллии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд. Зеро дар он руҳи ниёгони некном далерию матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос ёфтааст.

 

Воқеан парчам инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оийни давлатдории деринаи миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.

 

Эътимоди комил дорам, ки дар оянда низ сокинони ноҳияи Дарвоз чун тамоми халқи Тоҷикистони азизамон дар зери парчами парафшони тоҷик бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона барои ободу шукуфо намудани сарзамини аҷдодиамон саҳмиарзандаи хешро мегузоранд.

 

Бо ин ҳамаорзую ниятҳои нек бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро табрику таҳният гуфта, тандурустиву саодатмандӣ, орзуи саломатӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

 

Сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

 




Омори сомона

1176266
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
195
500
2060
1170502
12844
25133
1176266