Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади Муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Давлатзод Ҳаким ба муносибати 26-умин солгарди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 05.11.2020

 Davlatzod H A

 Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шукургузори аз фазои  Истиқлолияти давлатӣ ва пойдорию сулҳу субот, таҳкими амният ва пойдории давлатдорӣ ва устувору таҳким бахшидани соҳаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи шабонарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои- муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Маҳз чунин таваҷҷуҳ, меҳру муҳаббати  беандоза ва  сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Пешвои – миллат нисбат ба мардум буд, ки бори дигар дар интихоботи навбати, ки санаи 11 октябри соли 2020 доир гардид, бо ба даст овардани 90,2 фоиз овозҳо  пирӯзи ба даст оварда, роҳбари давлат интихоб гардиданд.

      Бояд қайд намуд, ки дар солҳои  90-уми асри гузашта авзои сиёсии мамлакат ниҳоят мураккабу пурпечида гардида, гуруҳҳои мухталиф авзои сиёсии ҷомеаро рӯз то рӯз муракаб менамуданд. Ҳамаи ин нишонаи ноустувор гардидан ҳокимияти давлатиро нишон медод. Дар ҷомеа қариб, ки суботи сиёсӣ аз байн рафта, гуруҳҳои мухталифи гуногун роҳбариро дар ҷомеа ба даст гирифта буданд, ки авзои ҷомеаро то рафт шадидтар менамуданд. Роҳбарияти он вақта  аз тамоми қувва ва воситаҳо истифода менамуданд, то вазъияти мураккаби сиёсиро ба эътидоло оранд аммо натичаи дилхоҳ намедод.    Вазъияти  ноороми  сиёсӣ ҷанги таҳмилии шоҳрвандӣ, ки омили асосии ба вуҷуд оварандаи  низоҳои мусалаҳолна ва ба майдонҳо кашидани шаҳрвандон  ва гурӯҳҳои гуногун аз минтақаҳои кишвар гардида буд, вазъиятро боз ҳам муракаб намуда тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро  зери суол намуда садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат тарки ватан намуда дар хоки бегонагон ва дур аз ёру бародар дар ѓурдат умр ба сар мебурданд. Аммо ба ҳамаи ин мушкили нигоҳ накард мо як ба як қатор дастовардҳои сиёсӣ ноил гаштем. 

       Яке аз ин дастовардҳои муҳими сиёсӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабул намудани Конситутсияи мебошад, ки тавасути он Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналминали ҳамчун давлати демократӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътирф гардонидааст.

 Дӯстони гиромӣ!  

      Маҳз ҳамаи ин дастовардҳо ва корнамоиҳо бо талошу заҳматҳои бевоситаи раиси он вақтаи Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон мебошад. Нахустин маротиба дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бевоситаи шаҳрвандони кишвар ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо ҳамовозӣ ва якдилона қабул карда шуда, аз 100 модда ва 10 боб иборат мебошад. 

    Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора барои таҳким бахшидани пояҳои асосии давлатдорӣ аз ҷумла  соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангӣ заминаҳои воқеӣ муҳайё сохта, барои миллати мо эҳёи дубораи давлатдории миллиро боз намуд. Пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ дар Конситутсия баробар эътироф  гардидааст.

       Талаботҳо ва меъёрҳои Конситутсия имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт баръало эҳсос мегарданд. Махсусан, бо қабул гардидани Конститутсия шароити рӯзгори мардум  сифатан баланд гардида, онҳо ҷиҳати эҳёи суннатҳои волои ниёгон, аз ҷумла озодона амалисозии эътиқодҳои динию мазҳабӣ шароити мусоид фароҳам  сохта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, рушди бе майлон пайдо намуд.  

 Мавриди зикр аст, ки дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳасос ва душвори сиёсӣ, ноил шудан ба чунин дастоварди муҳими таърихӣ, қабул намудани    Кониститутсия кори саҳлу осон набуда аз ҳар нафар иродаи қавӣ буданро талаб менамуд. Барои миллати мо ин як воқеаи   фаромӯшнашаванда буда, дар саҳифаи таърихӣ давлатдорӣ  бо ҳарфҳои зарин  дарҷ гардидааст.    

 Дар замоне, ки авзои ҷаҳонӣ номӯътадил ва пешгӯинашаванда аст, мо бояд ҳар дастоварди пурарзиши таърихиро чун гавҳари чашм ҳифзу гиромӣ дошта, шукргузори ин Ватану давлат бошем, зеро дар фазои орому осуда кору зиндагӣ дорем.  

    Воқан ҳам  миллати тамаддунсоз ва бо  фарҳанг дар он замони бисёр ҳам ҳасоси таърихӣ тавонист, барои ояндаи дурахшон ва фардои неки Ватани азизу маҳбубамон санадеро қабул намояд, ки дар ҳақиқатан таҷҷасумгари манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сартосарии сулҳу субот, амният ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон гардида, рушди бо низоми  давлатдорӣ ва ҳаёти осудаи  мардуми тоҷикро таъмин намояд.

 Дӯстони арҷманд!

Бо рушду инкишоф пайдо намудани соҳаҳои ҳайёти сиёсию ҷаъиятӣ қонунҳо низ мукаммал гардонида мешаванд. Ин буд, ки аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  то ба имрӯз 3 маротиба таѓиру иловаҳо солҳои 1999, 2001 ва 2016 таҷдиди назар карда шудааст.

      Маҳз Конститутсия барои қабул намудани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар пояҳои мустаҳкам гузошта, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат дод. Имрӯз  дар баробари дигар давлатҳои пешрафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инситутҳои байналмилалӣ ва марказҳои бузурги тадқиқотӣ маҳз Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳо дар байни 120 давлати дунё эътироф  карда шудааст. 

       Бо шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таҳаввулоти бузург ба амал омада, дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти сиёсии ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда, қонунияту тартибот барқарору ҳукумрон гардида, дар тамоми соҳаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст,  ки  Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта табдил ёфта истодааст.

 Дар тӯли 26 соли  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр равандҳои таърихӣ  ва санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии рӯзгор гузашт. Бояд кайд намуд, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон дар Конситутсия ҳокимияти давлатӣ ба се шоха: мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим гардида, маҳз халқ ҳамчун сарчашмаи асосии ҳокимияти давлати эътироф гардидааст.

    Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз хама меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлатро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волояти қонун, шарти муҳимтарини эъмори пойдории ҷомеаи навин ба шумор меравад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқи худ ва дигарон мебошад.

    Дар шароити мураккабу печидаи имрӯза, дар замоне, ки вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ хело мутташаниҷ гардидааст, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифадор аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя намуда, баҳри волояти қонун ҳиссагузор бошанд.

    Ҳамаи ҳамдиёронро бо 26-солагии кабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод намуда, ба Шумо ва   хурду бузурги ноҳия   тансиҳатию табъи болида, зиндагии осудаҳолона ва барори кору рӯзгор хоҳонам!

 Ҷашни муборак, ҳамдиёрони иззатманд!

 




Омори сомона

1175768
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
197
733
1562
1170502
12346
25133
1175768