Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷаласаи навбатии Ситод баргузор шуд

                            sitod nav 3Рӯзи 25-май таҳти раёсати Раиси Ситод-раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии коронавирус Ситоди корӣ баргузор карда шуд.

Инчунин, дар Ситод муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, кормандони МИҲД-и ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои қудратӣ, директорони марказҳои тандурустӣ, раисони ҷамоату деҳот ва раисони МХҶ ва аъзоёни Ситод иштирок намуданд.

Нахуст сардухтури беморхонаи марказӣ Давлатшоев Иматшо суханронӣ намуда оиди вазъи имрӯза дар доираи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ Короновирус ё худ (COVID-19) ҳисобот доданд.

Зимни суханронӣ сардухтури беморхонаи марказӣ Давлатшоев Иматшо иброз намуданд ки то кунун 3185 нафар ба ноҳияи Дарвоз ворид шудаанд. Ӯ қайд кард, ки ба ҳолати имрӯза бо ташхиси коронавирус ягон нафар ба қайд гирифта нашуда, панҷ нафар бо ҳароратбаландӣ ошкор гардида, дар хона табобат гирифта истодаанд ва ду нафар дар беморхонаи минтақавии Сағирдашт бо ташхиси илтиҳоби шуш ё плевмония бистарӣ шудаанд, ки ба ҳолати имрӯза ҳолаташон хуб арзёбӣ мегардад. Қайд гардид, ки ба то ҳол воридшавии одамон ба ноҳия зиёд дида мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ низ дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст.

Баъдан директории КАТС-иноҳия Назаров Абдурасул оид ба кӯмаки шахсони саховатпеша ба бунгоҳҳои тиббӣ шунида шуд.

sitod nav 3

Инчунин, аз тарафи сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидеомологии ноҳия Мусофиров Мирзовалӣ гузориш од, ки бо истифода аз маҳлулҳои безараргардонӣ (гипохлорид калтсий, гипохларид натрий)  роҳраву гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳҳои автомобилгард ва кӯчаю паскӯчаҳои маркази ноҳия ва деҳаҳо ҳафтае як маротиба карҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.

Баъд аз шунидани ахборотҳо раиси Ситод Абдураҳмонзода С.С аз вазъи имрӯза вобаста ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ изҳори андеша намуда, дар доираи иҷроиши барқияи муовини якуми раиси ВМКБ супоришҳо дод.

Пеш аз ҳама хостгор шуд, ки рафтуомади мардум бе зарурият байни деҳот ва шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад. Инчунин, аз раисони МХҶ, ки дар кори Ситод ҳузур доштанд, даъват ба амал овард, ки дар деҳаҳо аз ҳисоби ҷавонони фаъол ризокорон ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Зимнан Раиси Ситод Абдураҳмонзода С.С аз мардуми деҳаи Ёгед барои ташкил кардани валантиёрон, корҳои безараргардонии роҳраву паскучаҳо, риоя кардани қоидаҳои беҳдошти саломатӣ дар байни аҳолии деҳа ва корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии коронавирус изҳори сипос намуданд. Қайд намуданд, ки бояд тамоми деҳаҳои ноҳия дар ин самт пайрави кори мардуми деҳаи Ёгед бошанд.

Дар охири ҷаласа раиси Ситод пешниҳоди аъзоёни Ситод ва иштирокчиёнро ба инобат гирифта, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳоро хоҳиш намуд.




Омори сомона

1175223
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
385
482
1017
1170502
11801
25133
1175223