Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Нақшаҳо амалӣ мегарданд

30 solagi

Дар асоси барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чиҳати вусъат бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар таърихи 3-юми апрел, дар бинои калони МИҲД-и ноҳия вохўрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз-директори Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед бо сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораю муассисаҳо, роҳбарони гуруҳҳои корӣ, мудирони марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, донишҷўёни филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ дар ноҳияи Дарвоз ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Вохўриро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон кушода, дар бораи корҳои анҷомдодашуда доир ба масъалаҳои дар боло дарҷгардида, суханронӣ намуд.

Баъдан, Зиёӣ Хуршед – директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, вобаста ба ҳар як банди нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳия ибрози андешаронӣ намуда, аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ, сардорони идораю муассисаҳо ва шахсони вобастшуда хоҳиш ба амал овард, ки рафти корҳои ободонию созандагиро ҷоннок намуда, ҷиҳати сифатан ва саривақти ба иҷро расонидани бандҳои нақшаи чорабиниҳо, бахусус рўйхати ҳар як хонавода дастур дод.

Инчунин, оиди паҳншавии бемориҳои сироятӣ сухан гуфта, аз МИҲД-и ноҳия хостгор шуд, ки гуруҳҳои корӣ таъсис дода, дар деҳот, аз ҷумла деҳаҳои дурдаст бо мардум суҳбату вохўриҳоро ба роҳ монанд.

Дар охир ба суолҳои ҷамъомадагон аз ҷониби Зиёӣ Хуршед – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон посухҳои қаноаткунанда дода шуд.




Омори сомона

1173119
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
512
313
2617
1167948
9697
25133
1173119