Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маъракаи гусели наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

avaskaron

Рӯзи 3-юми апрел дар майдончаи Таги Чинор маъракаи гусели наваскарон бо иштироки Хуршед Зиёӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз- директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони аҳли ҷамоату деҳот ва падару модарони наваскарон иштирок намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

 

Бояд қайд намуд, ки ҷавонони ноҳияи Дарвоз дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, 112 фоиз нақшаи даъватро иҷро намуданд. Инчунин, аз тарафи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз барои тамоми наваскарони вилоят таъоми нисфирузӣ ташкил карда шуда, баъдан кормандони бахши фарҳанг бо барномаи консертӣ таъби даватшудагонро шод намуда, бо дуои неки волидайн эшонро гусел намуданд.

 




Омори сомона

1162278
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
62
1894
4814
1145985
23989
16459
1162278