Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз»

 navruz 1

Ҳамдиёрониазиз!

 Меҳмонони гиромиқадр!

 Дар ибтидо фарорасии баҳори файзбор ва Наврӯзи дилафрӯзро ба ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод намуда, саломатӣ, хонаи обод, сарбаландӣ ва барори кору ободии рӯзгорро таманно дорам.

Дӯстони азиз!

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ, некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкории бузургони мо мебошад, ки айниҳол ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.

 navruz 2

Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегиранд. Ин ҷашни фархунда миёни халқи тоҷик ва аксари кишварҳои Шарқ мақом ва манзалати махсус дорад, ки инъикосгари эҳёи табиат ба шумор меравад ва бо омад-омади Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ ба сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ,  ҳаракат бар оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад. Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзҳои кӯҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши ин ҷашни хуҷастаи миллат, чунин гуфтааст:

 «Наврӯз-таърихи зиндаву бедор, пояндаву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳуввияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини давраҳои таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят намуда ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».

navruz 4

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки тамоми марҳилаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, натанҳо аҷдодони мо, балки мардуми мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Боварӣ дорам, ки мардуми мо ҳам наврӯзӣ мекунанд ва ҳам фарорасии онро ғанимат дониста, дар замину киштзорҳо ғайратмандона кору фаъолият менамоянд.

Наврӯз рамзи бахту саодат, меҳрубонӣ, дӯстиву иттиҳод, ваҳдату ягонагист ва моро мебояд, ки аз ин хосияти Наврӯз баҳра гирем, ҳамдиливу бародариро пешаи зиндагиву кори худ созем, пайи ободии диёру хушрӯзии мардуми худ шавем.

 navruz 3

Ҳамдиёрониазиз!

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии баҳор ва ҷашни фархунда – Иди байналмилалии Наврӯзи фирӯз, бо айёми шукуфонии дашту даман, шодиву сурур табрику муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳои ҳаётро таманно дорам. Хотиратон ҳамеша хурраму қалбҳоятон пур аз нишоту шодӣ бошад, ҳамдиёрони азиз.

 Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад ҳамдиёрони арҷманд!

 

 




Омори сомона

1173496
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
313
576
2994
1167948
10074
25133
1173496