Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таронаи Баҳору Наврӯз

navruz

Баҳор омадӣ? Биё, марҳабо! Омаданатро интизор будем. Садои обшоронатро, чаҳ-чаҳи булбулони хушилҳоматро, навои куҳсоронатро, аз қаъри замин баромадани сабзаҳои махмалинатро, куҳсорони пургулу лолаатро, дарахтони гулбасаратро, борони найсонатро, қаҳ-қаҳи хандаи ошиқонатро пазмон будем.

Биё! Биё, ки ҳамаи мо ошиқат ҳастем. Ту дар ҳақиқат нозанин ҳастӣ. Бузургони гузаштаамон туро «Аруси сол» номидаанд. Ин ном барои ту унвон аст ва бароят зебанда аст. Ту меоӣ, ки дар баробарат Наврӯзи хуҷастапай меояд. Ба як шодиямон шодии дигар зам мешавад.

Ҳоло бинед, ки дар қабати куҳҳо дарахтони зебои бодом ғарқи гуланд. Гӯё, ки Худованд ин гулҳоро барои мо ҳамчун туҳфаи баҳор ва Наврӯз бахшидаат. Эй баҳори нозанин, эй Наврӯзи хуҷастапай бар куҳандиёри Дарвозам, хуш омадед. Қадамҳои Баҳор ва Наврӯзи нозанинро шодбош мегӯям.

Бигузор, ки ин баҳору Наврӯз барои мардуми ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистони азизам, серию пурӣ, сулҳу салоҳ, тансиҳатию хонаободиро биорад.

Наврӯ муборак, ҳамдиёрони азиз.

Маҳмадҷиёнова О




Омори сомона

1173862
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
293
386
3360
1167948
10440
25133
1173862